Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Мавзӯи 3. БАНАКШАГИРИИ МОЛИЯВӢ ВА ПЕШГӮЙ
(ОЯНДАБИНӢ) ДАР КОРХОНА

3.1. Мазмуни банакшагирии молиявӣ ва пешгӯй дар корхона
3.2. Усулҳои пешгӯии молиявӣ дар корхона
3.3. Навъҳои нақшаи молиявии корхона
3.4. Банакшагирии амалиётии (оперативӣ) фаъолияти молиявӣ
3.5. Марҳилаҳои асосии таҳияи нақшаи молиявӣ дар корхона

3.1. Мазмуни банакшагирии молиявӣ ва пешгӯй дар корхона

Идора кардан маънои пешбинӣ, пешгӯй кардану ба нақша гирифтанро дорад. Бинобар ин банакшагарӣ ва пешгӯии молиявӣ унсури муҳимтарини фаъолияти соҳибкорию хоҷагидорӣ ба шумор меравад.

Банакшагирии молиявӣ — ин низоми амалҳо оид ба тартиб додани маҷмуи нақшаҳо, ки идоракунӣ, ташаккулёбӣ ва истифодабарии захираҳои молиявиро таъмин мегардонад.

Мақсади банакшагирии молиявии дохили корхона таъмини имконоти беҳтарини фаъолияти муваффақонаи хоҷагидорӣ, ба даст овардани воситаҳои зарурӣ барои ин, расидан ба рақобатпазирӣ ва фоидаоварии корхона, инчунин банакшагирии даромаду хароҷоти корхона, ҳаракати воситаҳои пулии он мебошад. Дар асоси мақсадҳои зикршуда банакшагирии молиявии корхона кори серҷанба аз иборат чунин марҳилаҳои ба ҳам алоқаманд аст:
• таҳлили вазъият ва муаммоҳои молиявӣ;
• пешгӯии шароити молиявии оянда;
• гузориши вазифаҳои молиявӣ;
• интихоби варианти беҳтар;
• таҳияи нақшаи молиявӣ;
• тасҳеҳ, алоқамандӣ ва мушаххасгардонии нақшаи молиявӣ;
• иҷрои нақшаи молиявӣ;
• таҳлил ва назорати иҷрои нақша.

Таҳлили вазъият ва муаммоҳои молиявӣ аз омӯзиши
маълумоти воқеӣ барои давраи гузашта иборат мебошад. Ин барои
арзёбии натиҷаҳои молиявии замони гузашта ва муайян намудани
муаммоҳо имкон медиҳад. Таваҷҷуҳи асосӣ нишондиҳандаҳое аз

пешина
аз 151
навбатӣ