Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

молиявии ҳар субъекти хоҷагидорӣ мавҷудияти заминаҳои мушаххаси иқтисодӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангиро дар назар дорад, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

  1. Ба амал овардани дигаргуниҳои сохторӣ дар иқтисодиёт, ки ба рушди муносибатҳои бозорӣ, такмили сохтори истеҳсолоти ҷамъиятӣ, густариши шаклҳои моликият, теъдод ва навъҳои субъектҳои хоҷагидор равона карда шудаанд.

  2. Дигаргун сохтани механизми фаъолияти қисматҳои хоҷагӣ, робитаи мутақобилаи онҳо, муносибати онҳо бо давлат, дар байни шарикон, ширкаткунандагони раванди истеҳсолот дар заминаи муносибатҳои баробар.

  3. Ташкил ва рушди зерсохтори бозорӣ иборат аз ниҳодҳо, ташкилот, чорабиниҳои сершумор, ки ба қонеъгардонии талаботи корхонаҳо оид ба баландкунии сифати идора, имконияти гардиши захираҳо мусоидат менамояд. Самтҳои муҳимтарини он инҳо мебошанд:

-рушди бозори молиявӣ ва ниҳодҳои сершумори молиявӣю қарзӣ, ки ҷамъшавӣ ва ҳаракати беисти маблағҳои пулиро таъмин мекунанд.

-шабакаи пурмаҳсули марказу корхонаҳои иттилоотӣ, алоқа, ки маълумоти оид ба вазъи кишвар, муассисоти қарзӣ ва шариконро ҷамъоварӣ ва коркард намуда, ба зудӣ интиқол дода метавонад.

-низоми хизматрасонии фаъолияти корхона тавассути корхонаҳои маркетингӣ, машваратӣ, контроллингӣ ва дигар ширкатҳои махсусгардондашуда.

Заминаҳои номбаршуда асосан марбути шароити берунӣ мебошанд, ки самараи низоми идораи равандҳои иқтисодиро дар ҳама зинаҳои идоракунӣ таъмин мекунанд. Ҳамзамон дар дохили худи объекти идоракунӣ ҳам шароити муайян, масалан базаи моддии муносиб ва мавҷудияти иҷрокунандагони бевоситаи раванди мазкурро таъмин кардан зарур аст.

Таҳаввули рушди менеҷменти молиявӣ бо рушди ҷомеа, илми усулҳои идора, молия, бо пайдоиши зуҳуроти нав дар иқтисод, техника, соҳаи молия, пул, ҳисогириҳои байнамилалӣ ва ғайраҳо робитаи наздик дорад.

Омӯзиши таҳаввули менеҷменти молиявӣ барои фаъолияти молиявии ҳар корхона аҳамияти бузург дорад. Чунки қариб дар назди ҳар субъекти хоҷагидор масъалае меистод, ки чӣ гуна дар шароити дахлдор имконияти кори муваффақона, таъсиррасонӣ ба натиҷаи ниҳоии фаъолият таъмин карда шавад.

пешина
аз 151
навбатӣ