Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт

САРСУХАН

Дар марҳилаи муайяни рушди ҷамъиятӣ зарурати объективӣ эҷод ва истифодабарии низоми комплексии идоракунии категорияи мураккабе чун молия ба миён меояд. Ин бо худи моҳияти молия ва он нақше алоқаманд аст, ки молия дар ҳаёти ҷомеаи мутараққӣ ва фаъолияти ҳар субъекти хоҷагидор мебозад.

Идоракунии молияро ба ду фасл - асосҳои назариявии менеҷменти молиявӣ ва менеҷменти молиявӣ тақсим кардан зарур аст. Менеҷменти молиявӣ, ҳамчун шакли олии идоракунии фаъолияти молиявии корхона дар шароити иқтисоди бозорӣ метавонад самаранок фаъолият кунад. Лекин, дар марҳилаи пайдоиш ва фаъолияти унсурҳои алоҳидаи бозор, талабот ба сохтани низоми комплексии идоракунии аксарияти субъектҳои хоҷагидор ба миён меояд. Ба воситаи ин таъсири мусбати молия ба дигаргуниҳои иқтисодӣ, сохторӣ ва ташкилии даврони гузариш фаъол мегарданд.

Тавре маълум аст, дар иқтисоди давраи гузариш дигаргуниҳои ҷиддӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ, инчунин тағйироти доимии шаклу усули хоҷагидорӣ рӯй медиҳанд. Ин пеш аз ҳама, дар кӯшиши гузариш аз низоми мутамарказонидаи идоракунӣ, ки асосашро моликияти давлатӣ ташкил медиҳад, ба муносибатҳои бозорӣ зоҳир мешавад.

Раванди озодкунии нарх, густариши рақобат, ҳаракати пул ва шаклҳои гузориши он, ки дар давраи дигаргуниҳо шурӯъ шуд, ба мисли амалиёти молистеҳсолкунандагон барои афзоиши даромади худ, дигар дар чаҳорчӯбаи пешини ташкили молияи корхона намегунҷад.

Самаранокиро дар идоракунии равандҳои молиявӣ танҳо дар сурати истифодаи шаклу усулҳои ҷавобгӯи талаботи ҳозираи хоҷагидорӣ ба даст овардан мумкин аст. Дар робита ғояи татбиқи менеҷменти молиявиро дар аксари корхонаҳо қабул карда, заминаҳои воқеии ташаккул ва татбиқи босамари онро ҳам фароҳам овардан лозим аст. Менеҷменти молиявӣ, чун ҳама гуна соҳаи идоракунӣ, шароити мусоид барои истеҳсоли мол, интихоби иҷрокунандагон, шаклу усулҳои пешқадами таъсиррасонӣ ба объекти идорашавандаро талаб мекунад.

Таърихи пайдоиши менеҷменти молиявӣ, ба мисли таҳаввули рушди он, тасдиқ мекунад, ки барои ташаккули он сатҳи муайяни рушди илм ҳам зарур мебошад.

Фаъолияти самарабахши низоми идоракунии фаъолияти

аз 151
навбатӣ