Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
-арзёбии вазъи ширкат дар бозори сармоя;
-идоракунии сармоягузориҳои ҷузъдонӣ.
Фасли 5. Идоракунии манбаъҳои маблағ:
-идоракунии сармояи худӣ;
-идоракунии сармояи қарзӣ;
-арзёбии арзиш ва сохтори сармоя.
Фасли 6. Сохтори сармоя ва сиёсати дивидендӣ.
Фасли 7. Мавзӯъҳои махсуси менеҷменти молиявӣ:
-хусусиятҳои идоракунии молияи ширкат дар сурати тағйирёбии
шакли ташкилӣ-ҳуқуқии он;
-идоракунии молия дар шароити муфлисшавӣ;
-идоракунии молия дар шароити тағйири нарх;
-хусусиятҳои идоракунии молияи ташкилоти ғайритиҷоратӣ;
-ҷанбаҳои байналмилалии менеҷменти молиявӣ.
Номгӯи овардашудаи фаслҳо ва пайдарпании онҳо, оид ба мазмуну мундариҷаи илму амали менеҷменти молиявӣ танҳо тасаввуроти умумӣ медиҳад ва онро албатта тағйиру такмил додан мумкин аст.
2.3. Низоми таъмини иттилоотии менеҷменти молиявӣ
Самаранокии ҳар низоми идоракунанда то андозае ба таъмини иттилоотии он вобастагӣ дорад. Сифати иттилооти истифодашаванда ҳангоми қабули қарорҳои идорӣ, ба ҳаҷми хароҷоти захираҳои молиявӣ, сатҳи фоида, арзиши бозории корхона, интихоби лоиҳаи сармоягузорӣ ва воситаҳои молиявии сармоягузорӣ ва дигар нишондиҳандаҳои муайянкунандаи некуаҳволии соҳибони корхона ва суръати рушди иқтисодии он таъсири калон мерасонад.
Ба таъмини иттилоотии раванди идоракунии молиявӣ маҷмӯи захираҳои иттилоотӣ (базаи маълумот) ва воситаҳои ташкилии онро нисбат медиҳанд, ки барои таҳлилу идоракунӣ бо мақсади қабули қарор зарур мебошанд.
Низоми иттилоотии менеҷменти молиявӣ раванди интихоби бефосилаи мақсадноки нишондиҳандаҳои иттилоотӣ мебошад, ки барои таҳлил, банақшагирӣ ва омодасозии қарорҳои самараноки идорӣ дар ҳама самтҳои фаъолияти молиявии корхона лозиманд.
Нақши асосии иттилооти (маълумоти) молиявӣ дар омодасозӣ ва
қабулкунии қарорҳои идорӣ, ҳамчунин талаботи баландро нисбат

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё