Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан- «Марҳилаҳои ташаккули лоиҳаҳои сармоягузорӣ».
- Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
- Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.
Саволҳои санҷишӣ:
- Моҳияти иқтисодии шаклҳои сармоягузориро шарҳ диҳед.
- Танзимкунии ҳуқуқии фаъолияти сармоягузориро тасниф намоед.
- Принсипҳои низоми идоракунии стратегии фаъолияти сармоягузориро номбар кунед.
- Тартиби таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар чист?
- Намудҳои асосии лоиҳаи сармоягузориро тасниф намоед.
Тест
- Маънои истилоҳи инвестиция аз калимаи лотинии «invest», ин:
А) тақсим кардан; В) танзим кардан; С) сармоягузорӣ кардан; D) илова кардан; Е) изофа кардан. - Ба сармоягузории воқеӣ дохил мешаванд:
А) гузориши сармоя ба саҳмияҳо; В) гузориши сармоя ба вомбаргҳо; С) гузориши сармоя ба ягон соҳаи иқтисод; D) гузориши сармоя ба векселҳо; Е) гузориши сармоя ба қоғазҳои қимматнок. - Ҷуздони сармоягузорӣ, ин:
А) мақсади молиявӣ; В) номгӯи объектҳо; С) мақсади дарозмуддат; D) санадҳои меъёрӣ; Е) қарзҳои кӯтоҳмуддат. - Ҳама намудҳои дороиҳо, ки ба объектҳои сармоягузорӣ ҷалб карда мешаванд:
А) лоиҳаҳои сармоягузорӣ; В) стратегияи сармоягузорӣ; С) сертификатҳои сармоягузорӣ; D) захираҳои сармоягузорӣ; Е) барномаи сармоягузорӣ. - Гузориши сармоя ба муҳлати на бештар аз 1 сол, ин:
А) сармоягузории дарозмуддат; В) сармоягузории кӯтоҳмуддат; С) сармоягузории хусусӣ; D) сармоягузории мустақим; Е) сармоягузории давлатӣ. - Объекти сармоягузории воқеӣ, ки дар асоси баҳогузории бизнес-нақша татбиқ карда мешавад, ин:
А) барномаи сармоягузорӣ; В) стратегияи сармоягузорӣ; С) маҳсулотҳои сармоягузорӣ; D) лоиҳаҳои сармоягузорӣ; Е) бозори сармоягузорӣ. - Раванди идоракунии фаъолияти корхонаро машғул мешавад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё