Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

истеҳсоли молу хизматрасониҳои рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ фарқ мекунанд.

Ҳангоми таҳяи лоиҳаҳои сармоягузорӣ як қатор қоидаҳоеро ба роҳбарӣ бояд гирифт, ки барои ба назар гирифтани омилҳо ва асоснокии лоиҳа имкон медиҳанд. Ба ин қоидаҳо дохил мешаванд:

• моделсозии ҳатмии сели маҳсулот, захира ва воситаҳои
пулӣ;

• ба назар гирифтани натиҷаҳои таҳлили бозор, вазъи молиявии
пудратчӣ, сатҳи боварӣ ба роҳбарони лоиҳа;

• мувофиқ кардани хароҷоту даромадҳои дарпешистода бо
ҳолати қиёсшаванда аз рӯи арзишнокии иқтисодӣ дар давраи
ибтидоӣ;

• арзёбии таваррум, батаъхиргузории эҳтимолии пардохтҳо ва
омилҳои дигари тағйири арзиши маблағҳои гузошташуда;

• дарёфти номуайянӣ ва хатарҳои марбут бо амалисозии лоиҳа.

Амалисозии лоиҳа - иҷрои корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯӣ, сохтмону насбӣ ва роҳандозӣ, таълимдиҳии кормандон, бастани қарордодҳо дар бораи таҳвили ашёи хому масолеҳ, қисмҳои насбшаванда, истеҳсоли намунаи озмоишӣ, истеҳсол ва силсилаи озмоишӣ, истифода ва мониторинги объекти сармоягузоришаванда.

Лоиҳаҳои сармоягузориро бо усулҳои зерин ба таври аён арзёбӣ кардан мумкин аст:

  1. Молиявӣ-ҳисобот дар бораи фоида ва зарар
  • маълумот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулӣ

  • тавозуни муҳосибӣ

Мизони арзёбии лоиҳаи сармоягузорӣ: зарби устуворӣ ва худкифоии молиявӣ.

  1. Иқтисодӣ
  • маводи ҳисоботи оморӣ

  • усулҳои дисконткунӣ

Мизоҷҳои арзёбии лоиҳаи сармоягузорӣ: меъёри фоида, муҳлати талофикунӣ, хароҷоти ҷорӣ.

Вазифаҳо барои корҳои мустақилона:

  1. Тайёрӣ ба муҳокимаи шифоҳии саволҳо дар доираи мавзӯъ.
  2. Ҷавоб ба саволҳои санҷишӣ.
  3. Навиштани реферат дар мавзӯъҳо:
  • «Мафҳум, моҳият ва намудҳои сармоягузорӣ»:
пешина
аз 151
навбатӣ