Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
маҳаллӣ ва тамоми ҷамъият ва барои шарикони тиҷорат ҳам қобили қабул бошанд.
Ташаккули мақсадҳои стратегии фаъолияти сармоягузории ташкилот таснифоти қобили онҳоро аз рӯи аломатҳои муайян талаб мекунад. Аз мақҳои менеҷменти молиявӣ ин таснифоти мақсадҳои стратегӣ аз рӯи аломатҳои асосии зерин сохта мешавад: (расми. 8.3).
| № | Аломатҳо | Намудҳо |
|---|---|---|
| 1 | Аз рӯи самараи маврили интизори сармоягузорӣ: | -Мақсадҳои иқтисодӣ -Мақсадҳои ғайрииқтисодӣ (иҷтимоӣ, экологӣ ва ғ.) |
| 2 | Аз рӯи самтҳои амалии фаъолияти сармоягузорӣ: | -Мақсадҳои сармоягузории воқеӣ -Мақсадҳои сармоягузории молиявӣ -Мақсадҳои сармоягузории ҷуздонӣ |
| 3 | Аз рӯи объектҳои идоракунӣ: | -Мақсадҳои ташкилот дар маҷмӯъ -Мақсадҳои шуъбаҳои алоҳидаи ташкилот |
| 4 | Аз рӯи самти натиҷаҳои фаъолияти сармоягузорӣ: | -Мақсадҳои дохилии сармоягузорӣ -Мақсадҳои берунии сармоягузорӣ |
| 5 | Аз рӯи аҳамияти бартарӣ: | -Мақсадҳои асосии сармоягузорӣ -Мақсади ёрирасони сармоягузорӣ |
| 6 | Аз рӯи хусусияти таъсир ба натиҷаи ниҳоӣ: | -Мақсадҳои мустақими сармоягузорӣ -Мақсадҳои дастгиркунандаи сармоягузорӣ |
| 7 | Аз рӯи самти раванди такрористеҳсол: | -Мақсадҳои сармоягузории рушд -Мақсадҳои сармоягузории навоварӣ |
Расми 8.3. Таснифоти мақсадҳои стратегии фаъолияти сармоягузории
ташкилот
Усулҳои маъруфу маъмултарини таҳияи стратегияи ташкилот SWOT-таҳлил ва Gap-таҳлил мебошанд. Дар асл, онҳо усули интихоби стратегияи ташкилот мебошанд, ки барои интихоб кардани ин ё он навъи стратегияи намунавӣ, рақобатӣ ё стратегияи дигари фаъолияти ташкилот имконият медиҳанд.
SWOT-таҳлили сармоягузорӣ аз таҳқиқи пайдарпайи вазъи дохилии молиявии ташкилот, ҷустуҷӯи ҷиҳатҳои мусбату манфӣ, инчунин пешгӯии иқтидори имконпазир ё хатарҳо аз ҷониби муҳити сармоягузорӣ иборат аст. Дар асоси SWOT-таҳлил чунин стратегияи сармоягузории ташкилот сохта мешавад, ки ҷиҳату имкониятҳои қавиро ба инобат гирифта, камбудиҳоро ҷуброн мекунад ва зимнан таҳдиду хатарҳоро коҳиш медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё