Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Gap-таҳлили сармоягузорӣ аз дарёфтани ҳудуди байни тамоюли ҳозираи рушди ташкилот ва роҳи имконпазири рушди он иборат мебошад. Суоли асосии Gap-таҳлилро чунин гузоштан мумкин аст:
кадом стратегияро ташкилот бояд интихоб намояд, то корашро фаъолтар гардонад? Дар асоси Gap-таҳлил аз чор стратегияи имконпазир самти беҳтарини фаъолияти сармоягузорӣ интихоб карда мешавад.

Ҳангоми Gap-таҳлил график (расми 3) бо ду тағйирёбандаи муҳимтарини сармоягузорӣ (ва умуман иқтисодӣ) — пул ва вақт, сохта мешавад. Моҳияти сохтани график дар ин аст, ки бо ин роҳ тамоюли рушди ҳозира ба замони оянда акс кунонида шуда, инчунин тарзу усули беҳгардонии ин тамоюлро ёфтан мумкин аст.

Расми 8.4. Модели графикии Gap-таҳлили сармоягузорӣ

Тағйирёбандаҳои асосии ин модели графикӣ нишондиҳандаҳои T ва S, яъне давра (вақт, замон) ва самараи мавриди интизори сармоягузорӣ мебошанд. T₀ - замони ҳозираи рушди ташкилот, хатти a - тамоюли рушди стратегияи ташкилотро, ки дар асоси натиҷаҳои пешини фаъолият тахмин шудааст, нишон медиҳанд. Хатти а ба сӯи самари сармоягузорӣ S₀, давраи стратегӣ T₁ (T₁ — ҳадди ақал давраи панҷсола), яъне ба он замони анҷоми амалисозии барномаи стратегии сармоягузорӣ майл дорад.

Ширкате, ки дар шароити пӯшидагии сармоягузории дохилӣ
фаъолият мекунад, дар ҳоли беҳтарин ба вазъи нисбатан босубот дар
бозор умед баста метавонад. Пешсафӣ дар бозор ва рушди ширкат
танҳо бо ёрии усулҳои сармоягузории фаъолгардонӣ ба даст метавон
овард, ки дар график бо ҳарфҳои c, d, e, f ишорат шуда, тамоюли

пешина
аз 151
навбатӣ