Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Аввалан, мақсадҳо бояд дастрас, воқеӣ бошанд. Дар онҳо бояд даъвате барои ташкилот, кормандону менеҷменти молиявии он ифода ёбад. Мақсадҳо набояд он қадар соддаву осонрас бошанд. Вале онҳо ҳам набояд ғайривоқеӣ бошанд ва ё аз ҳадди имкониятҳои иҷрокунандагон берун бароянд. Гарчанде асоси таҳияи мақсадҳои стратегии сармоягузориро ба шакли идеалию форам пешниҳод шудани мавқеи стратегии ширкат ташкил медиҳад, аммо онҳоро бошуурона аз рӯи воқеият ва бо назардошти омилҳои муҳити берунию иқтидори дохилии сармоягузорӣ маҳдуд бояд кард.
Дуюм, мақсадҳо бояд мутобиқшаванда бошанд. Мақсадҳои стратегии ташкилотро тавре муқаррар бояд кард, ки имконияти ислоҳашон мувофиқи тағйироти муҳит вуҷуд дошта бошад. Менеҷерҳои молиявӣ бояд инро дар хотир дошта, барои ворид намудани тағйирот ба мақсадҳо бо назардошти талаботи нав нисбати ташкилот, фазои умумии иқтисодӣ ё иқтидори дохилии сармоягузорӣ омода бошанд.
Сеюм, мақсадҳо бояд ченшаванда бошанд. Яъне, ҳадафҳои стратегии сармоягузорӣ бояд тавре муқаррар гарданд, ки онҳоро миқдоран чен кардану амалашонро арзёбӣ намудан мумкин бошад.
Чорум, мақсадҳо бояд мушаххас бошанд. Мақсадҳои стратегии сармоягузорӣ бояд барои аниқ муайян намудани самти амалиёт ёрӣ расонанд. Мақсад бояд нишон диҳад, ки дар натиҷаи фаъолияти сармоягузорӣ чӣ гуна натиҷаро дар кадом муҳлат мунтазир мебояд шуд ва кӣ барои қисматҳои асосии раванди сармоягузорӣ масъул хоҳад буд. Ҳар қадар мақсад мушаххастар бошад, ба ҳамон андоза ифодакунии стратегияи амалишавии он осонтар аст.
Панҷум, мақсадҳо бояд ба ҳам мувофиқ бошанд. Мувофиқат ба маънои ин аст, ки мақсадҳои стратегии сармоягузорӣ ба ҳадафи умумии ташкилот, стратегияи умумии рушди он, инчунин ба мақсадҳои кӯтоҳмуддати сармоягузорӣ ва дигар ҳадафҳои амалии ташкилот мувофиқ мебошанд.
Шашум, мақсадҳои стратегии сармоягузорӣ бояд барои субъектони асосии таъсиррасон, ки фаъолияти ташкилотро муайян мекунанд, қобили қабул бошанд. Мақсадҳои стратегии сармоягузорӣ барои амалигардонии ҳадафи асосии менеҷменти молиявӣ ноилшавӣ ба некуаҳволии бештари соҳибони ташкилот, — таҳия карда мешаванд. Лекин мақсадҳои ташкилот ҳамчунин бояд барои иҷрокунандагон ва кормандону муштариёни ташкилот, ҷомеаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё