Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мумкин аст, аммо иҷрои онро бояд мутахассисони касбӣ – менеҷерҳои молиявӣ таъмин намоянд.
Тартиби марҳилаҳои раванди таҳяи стратегияи сармоягузории ташкилот чунин аст: (расми. 8.2.)

Расми 8.2. Марҳилаҳои асосии раванди таҳяи стратегияи сармоягузории ташкилот

Идоракунии стратегии фаъолияти сармоягузории хусусияти мақсаднок дорад, яъне гузориши мақсадҳои муайян ва ноил шудан ба онҳоро пешбинӣ мекунад. Мақсадҳои стратегии сармоягузорӣ дар сурати аниқ ифода ёфтанашон, ба воситаи тавонон рушди самараи фаъолияти сармоягузорӣ барои дурнамои дарозмуддат, ҳамоҳангӣ ва назорати он мубаддал гашта, инчунин барои қабули қарорҳои идорӣ дар ҳама марҳилаҳои раванди сармоягузорӣ заминаи зарурӣ мегарданд.

Мақсадҳои стратегии фаъолияти сармоягузории ташкилот талаботҳои шаклан ва расман тасвирёфтаи мавқеи стратегии сармоягузории ташкилот мебошанд, ки барои равона кардани ин фаъолият ба дурнамои дарозмуддат ва баҳодиҳии натиҷаҳои он имкон медиҳанд.

Ташаккул ва таҳяи мақсадҳои стратегии фаъолияти сармоягузорӣ бояд ба талаботи муайян ҷавобгӯ бошад.

пешина
аз 151
навбатӣ