Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

сармоягузориро дар заминаи усулҳои илмии пешбинии самту шаклҳои он, мутобиқгардонии он ба ҳадафҳои умумии рушди корхона ва тағйирпазирии муҳити берунаи сармоягузорӣ дарк карда истодаанд. Василаи самараноки идоракунии фаъолияти сармоягузории ташкилот стратегияи сармоягузорӣ аст, ки тобеи амалисозии мақсадҳои рушди он дар шароити тағйироти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, низоми танзими давлатии равандҳои бозор, вазъи бозори сармоягузорӣ ва норавшании марбути он мебошад.

Стратегияи сармоягузорӣ низоми мақсадҳои дарозмуҳлати фаъолияти сармоягузории ташкилот, ки вобаста ба вазифаҳои умумии рушду идеологияи сармоягузории он муайян мегарданд, инчунин интихоби роҳҳои нисбатан босамари расидан ба ин мақсадҳо мебошад.

Стратегияи сармоягузориро чун самт (барнома, нақша)-и куллии фаъолияти сармоягузории ташкилот васф кардан мумкин аст, ки пайравӣ ба он дар дурнамои кӯтоҳ ва дарозмуддат бояд ба амалишавии мақсадҳои сармоягузорӣ ва гирифтани самараи мавриди интизори сармоягузорӣ оварда расонад. Стратегияи сармоягузорӣ самту шаклҳои афзалиятноки фаъолияти сармоягузории ташкилот, хосияти ташаккули захираҳои сармоягузорӣ ва тартиби марҳилаҳои амалишавии мақсадҳои дарозмуҳлати сармоягузориро муайян мекунад, ки рушди умумии пешбинигардидаи ташкилотро таъмин менамоянд.

Раванди таҳияи стратегияи сармоягузорӣ қисмати муҳимтарини низоми умумии интихоби стратегии корхонаҳо ташкил медиҳад ва унсурҳои асосии ин интихоби стратегӣ ҳадаф, мақсадҳои умумии стратегияи рушд барои навъҳои алоҳидаи фаъолият, тарзу усули ташаккул ва тақсимоти захираҳо мебошанд.

Аҳамияти таҳияи стратегияи сармоягузории ташкилот аз як қатор шартҳо бармеояд.

Муҳимтарини ин шартҳо шадидияти тағйирёбии омилҳои муҳити берунаи сармоягузорӣ мебошад. Шиддати баланди тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар робита бо фаъолияти сармоягузории корхонаҳо, суръати пешрафти илмию технологӣ, дигаргуниҳои вазъи бозори сармоягузорӣ, тағйирпазирии сиёсати давлатии сармоягузорӣ ва шаклҳои танзими фаъолияти сармоягузорӣ намегузоранд, ки сармоягузориҳои ташкилот танҳо дар асоси таҷрибаи қаблан андӯхта ва усулҳои анъанавии менеҷменти молиявӣ идора карда шаванд.

пешина
аз 151
навбатӣ