Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

эъломияи оид ба ҳаҷму манбаъҳои сармоягузориро пешниҳод намояд, аз мақомоти давлатии дахлдор ва хадамоти махсус иҷозат ё мувофиқаи заруриро барои сохтмони капиталӣ гирад; хулосаи экспертизаи лоиҳаҳои сармоягузориро дар бораи риояи талаботи технологӣ, санитарӣ-гигиенӣ, радиатсионӣ, экологӣ ва меъморӣ гирад; барои иҷрои навъҳои махсуси кор, ки аттестатсияи дахлдори иҷрокунандаро металабанд, литсензия гирад.

Ба ғайр аз ин, субъектони фаъолияти сармоягузорӣ уҳдадоранд меъёру стандартҳои давлатиро риоя намуда, бо тартиби муқарраршуда ҳисоботи муҳосибӣ ва оморӣ диҳанд; ба рақобати носолим роҳ надиҳанд, талаботи танзими зиддиинҳисориро иҷро намоянд.

Қабул шудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ яке аз шартҳои муҳимтарини амалисозии сиёсати давлат дар самти сармоягузорӣ мебошад.

Шаклҳои асосии танзими давлатии фаъолияти сармоягузорӣ:

  1. Танзими соҳаҳо ва объектҳои сармоягузорӣ.
  2. Танзими андозбандии фаъолияти сармоягузорӣ.
  3. Танзими фаъолияти сармоягузорӣ тавассути расондани ёрии молиявӣ ва татбиқи сиёсати дахлдори қарзӣ.
  4. Танзими фаъолияти сармоягузорӣ тавассути татбиқи сиёсати дахлдори истеҳлокӣ.
  5. Танзими иштироки сармоягузорон дар хусусигардонӣ.
  6. Танзими сармоягузориҳои молиявӣ.
  7. Экспертизаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ.
  8. Таъмини ҳимояи сармоягузориҳо.
  9. Танзими шартҳои амалисозии сармоягузорӣ берун аз ҳудуди давлат.

8.3. Принсипҳои низоми идоракунии стратегии фаъолияти
сармоягузорӣ

Фаъолияти сармоягузории давлатро бо тамоми шаклҳояш бо
қонеъгардонии талаботи ҷории сармоягузорӣ, ки аз зарурати
ивазкунию афзоиши дороиҳои соқитшаванда вобаста ба дигаргуниҳои
объект ва сохтори фаъолияти хоҷагидорӣ бармеоянд, маҳдуд
наметавон кард. Дар марҳилаи муосир миқдори бештари ширкатҳо
зарурати идоракунии бошууронаи дурнамои фаъолияти

пешина
аз 151
навбатӣ