Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Ҳангоми фосилавиҷарайн гирифтани ин равандҳо байни давраи анҷоми сармоягузорӣ ва ба даст омадани фоида вақти муайяне мегузарад.
Дар кишвари мо қонун дар бораи сармоягузорӣ қабул шудааст, ки дар он мафҳуми сармоягузорӣ, субъекту объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ муайян карда шудаанд:
-
сармоягузорӣ — ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқи молу мулкӣ (ба истиснои молу мулке, ки ба истифодабарии шахсӣ ва ё бо фаъолияти фурӯши мол бе коркарди он алоқаманд аст), бо шумораи маблағ, коғазҳои қиматнок, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ, ки ба сармоягузор аз рӯи ҳуқуқи моликият мансубанд ва аз тарафи ӯ ба объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ бо мақсади гирифтани фоида ва ё расидан ба натиҷаи дигари назарраси фоиданок гузошта шудаанд;
-
сармоягузор - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад;
-
сармоягузорони хориҷӣ - ба сифати сармоягузорони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо эътироф карда мешаванд:
-
давлатҳои хориҷӣ ва воҳидҳои маъмурию ҳудудии онҳо дар шахси
мақомоти ваколатдор;
-
ташкилотҳои байналмилалӣ;
-
шахсони ҳуқуқии хориҷӣ;
-
ташкилотҳои хориҷие, ки шахсони ҳуқуқӣ набуда мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд;
-
шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд;
-
сармоягузори ватанӣ — шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки сармоягузори хориҷӣ намебошанд ва фаъолияти сармоягузориро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд;
-
фаъолияти сармоягузорӣ - амали сармоягузор вобаста ба гузоштани сармоя ба истеҳсоли маҳсулот ва (ё) тарзи дигари истифодаи он бо мақсади ба даст овардани фоида ва (ё) муваффақ шудан ба натиҷаи дигари назаррас.
Объектҳо ва намудҳои фаъолияти сармоягузорӣ 1. Объектҳои фаъолияти сармоягузорӣ инҳо мебошанд:
- амволи ғайриманқул;
- коғазҳои қиматнок;
- моликияти зеҳнӣ;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё