Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Мавзӯи 8. ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ САРМОЯГУЗОРИИ КОРХОНА
8.1. Моҳияти иқтисодӣ ва шаклҳои сармоягузорӣ
8.2. Танзими ҳуқуқии фаъолияти сармоягузорӣ
8.3. Принсипҳои низоми идоракунии стратегии фаъолияти сармоягузорӣ
8.4. Таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ
8.1. Моҳияти иқтисодӣ ва шаклҳои сармоягузорӣ
Истилоҳи сармоягузорӣ дар соҳаи иқтисодиёт тарҷумони тоҷикии қабулшудаи «инвестиция» аст, ки аз калимаи лотинии «invest» гирифта шуда маънои «гузоштани»-ро дорад.
Сармоягузорӣ - ин гузоштани дороӣ (сармоя) бо мақсади афзоиши минбаъдаи он мебошад. Зимнан афзоиши сармоя бояд кофӣ бошад, то дар давраи ҷорӣ ба сармоягузор дасткашӣ аз истифодаи воситаҳои барои истеъмол доштаашро ҷуброн намуда, дар давраи баъдӣ бароиш мукофоти таваккал шаваду зиёни аз таваррум расидаро талофӣ кунад.
Сармоягузорӣ - ҳама намуди арзишҳои амволӣ ва зеҳнӣ мебошад, ки ба объектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва анвои дигари фаъолият бо мақсади дар натиҷа ба даст овардани фоида (даромад) гузошта мешаванд.
Сармоягузорӣ - воситаҳои пулӣ, пасандозҳои бонкӣ, саҳмия ва дигар коғазҳои қиматнок, амволи манқул ва ғайриманқул (биноҳо, иншоот, таҷҳизот), ҳуқуқи молумулкӣ, арзишҳои зеҳнӣ; ҳуқуқи истифодабарии замин, об, захираҳо, ҳуқуқи молумулкӣ мебошад.
Сарчашмаи афзоиши сармоя ва ангезаи ҳаракатдиҳандаи амалисозии сармоягузориҳо фоидаест, ки аз онҳо ҳосил мешавад. Тартиби ҷараёнгирии ин ду раванд - гузориши сармоя ва гирифтани фоида метавонад гуногун бошад.
Ҳангоми пайдарпай ҷараён гирифтани ин равандҳо, фоида дарҳол пас аз гузориши пурраи сармоя ба даст меояд.
Ҳангоми баробар ҷараён гирифтани онҳо фоида метавонад аллакай қабл аз пурра ба итмом расидани раванди сармоягузорӣ ба даст ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё