Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар мисоли баъдӣ ҳар ду варианти маблағгузории корхона - аз воситаҳои худӣ ва истифодаи воситаҳои худӣ ва сармояи қарзиро баррасӣ мекунем. Фарз мекунем, ки сатҳи даромаднокии дороиҳо (ДА) 20%-ро ташкил медиҳад. Дар варианти дувум аз ҳисоби истифодаи воситаҳои қарзӣ самараи левериҷӣ (фишанги) молиявӣ ба даст омад - даромаднокии сармояи худӣ афзуд.

Ҷадвали 7.2.
Ҳисобкунии даромаднокии сармояи худӣ

Нишондиҳандаҳо

Варианти 1

Варианти 2

Асъори тавозун

1000000 сомонӣ

1000000 сомонӣ

-Сохтори уҳдадориҳо:
-Сармояи худӣ
-Сармояи қарзӣ

1000000
сомонӣ- 100%

500`000 сомонӣ-
50%

500`000 сомонӣ-
50%

нест

-Фоидаи соф дар ин
давра

200`000 сомонӣ

200`000 сомонӣ

-Пардохт барои
сармояи қарзӣ (I =
15%)

нест

75`000 сомонӣ

-Даромаднокии
дороиҳо

ДА = 200/1`000 =
20%

ДА = 200/1`000 =
20%

-Даромаднокии
сармояи худӣ

ДСХ = 200/1`000
= 20%

ДСХ = (200 - 75)/500
= 25%

Қарор дар бораи истифодаи ин ё он таносуби сармояи воситаҳои қарзӣ мавзӯи левериҷи молиявиро ташкил медиҳад. Имконияти идораи манбаъҳои маблағгузорӣ барои афзоиши даромаднокии сармояи худӣ бо нишондиҳандаи «сатҳи левериҷи молиявӣ» чен карда мешавад.

Сатҳи левериҷи молиявӣ таносуби суръати афзоиши фоидаи соф ба суръати афзоиши даромади умумӣ буда, ҳассосият, имконияти идораи фоидаи софро нишон медиҳад.

Сатҳи левериҷи молиявӣ ҳангоми афзоиши ҳиссаи сармояи қарзӣ дар сохтори дороиҳо баланд мешавад. Вале, аз тарафи дигар, «фишанг»-и молиявии калон маънои хатари калони аз даст додани устувории молиявиро дорад:

Бо болоравии сатҳи левериҷи молиявӣ таваккали левериҷ меафзояд.

пешина
аз 151
навбатӣ