Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Дар ин ҷо: (СДА – i) – дифференциал, $\frac{CK_M}{CX_M}$ такягоҳи фишанг.
Консепсияи дуюм: Консепсияи амрикоии левериҷи молиявӣ.
Ин консепсия самараро дар намуди афзоиши фонди соф (ФС) барои 1 саҳмияи оддӣ ба натиҷаи холиси истифодабарии сармоягузорӣ (НХИС) баррасӣ мекунад, яъне ин самара афзоиши фонди софи аз ҳисоби афзоиши НХИС бадастомадаро ифода менамояд:
$СЛМ = \frac{\Delta ФС}{\PhiС} / \frac{\Delta НХИС}{НХИС};$
$\ФС = (НХИС - \sum %_{кр}) \times (1 - н);$
$\Delta ФС = (\Delta НХИС - \sum %_{кр}) \times (1 - н) = \Delta НХИС \times (1 - н);$
$СЛМ = \frac{\Delta ФС}{\PhiС} / \frac{\Delta НХИС}{НХИС} = \frac{\Delta НХИС \times (1 - н)}{(НХИС - \sum %{кр}) \times (1 - н)} = \frac{НХИС}{\Delta НХИС} = \frac{НХИС}{(УН"В - \sum %{н, г})} =$
$= \frac{\PhiТ + \sum %_{кр}}{\PhiТ};$
Аз навиштаҳои боло бармеояд, ки:
$СЛМ = \frac{НХИС}{(НХИС - \sum %{кр})} = \frac{\PhiТ + \sum %{кр}}{\PhiТ};$
Ин формула дараҷаи таваккалеро нишон медиҳад, ки вобаста ба истифодаи СК ба миён меояд, бинобар ҳамин, ҳар қадар неруи таъсиррасонии левериҷи молиявӣ калонтар бошад, ҳамон андоза таваккали молиявии марбути ин корхона баландтар мешавад:
а) барои бонкдор – таваккали напардохтани қарз меафзояд;
б) барои сармоягузор – таваккали коҳишёбии дивиденд ва курби саҳмияҳо зиёд мешавад.
Ҳамин тавр, консепсияи якуми ҳисобкунии самара барои муайян намудани андоза ва шароити бехатари қарз, консепсияи дуюм бошад, барои муайян намудани дараҷаи таваккали молиявӣ имкон медиҳад.
Дуюмӣ барои ҳисобкунии таваккали маҷмӯии корхона истифода бурда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё