Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Нархи заканан мол ба намуди умумишуда бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

НЧ = АА + ФКИ + НИМ + ААИ + НИС, (1)

Дар ин ҷо: НЧ – нарҳи чаканаи мол, сомонӣ;
АА – арзиши аслии истеҳсоли мол, сомонӣ;
ФКИ – фоидаи корхонаи истеҳсолӣ, сомонӣ;
НИМ – нарҳи иловагии корхонаи миёнарав, сомонӣ;
ААИ – андоз аз арзиши иловашуда, сомонӣ;
НИС – нарҳи иловагии корхонаи савдои чакана, сомонӣ;
Даромади умумии корхонаҳои тиҷоратии асосан аз ҳисоби нарҳи иловагии савдо ташаккул меёбад. Нарҳи иловагии савдо бо фоиз нисбати нарҳи хариди мол аз истеҳсолкунандагон (нарҳи фурӯш) ё миёнаравон (нарҳи яклухт) муқаррар карда мешавад.

Нарҳи иловагии савдо барои баровардани хароҷоти муомилот (хароҷоти савдо барои фурӯши мол), супоридани андозу пардохтҳо ва ташаккули фонди корхона таъйин гардидааст.

Дар айни замон ба корхонаҳои савдои яклухт, чакана ва хӯроки омма, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон ҳуқуқи мустақилона муқаррар намудани нархҳои иловагӣ зимни ташаккули нархҳои озод (бозорӣ)-и молҳои истеҳсоли ватанию хориҷӣ бо назардошти сифати онҳо, вазъи бозор ва сатҳи муқарраргардидаи нархҳо дар минтақа дода шудааст. Ҳамин тавр, андозаи нарҳи ҳадди ақали иловагии савдо барои корхонаҳои савдо муқаррар нашудааст. Аммо мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тадбирҳои оид ба танзими давлатии нарҳу тарифҳо», мақомоти ҳокимияти иҷроияи вилоятҳои Тоҷикистон андозаи нархҳои иловагии савдоро барои маҳсулоти хӯроки кӯдакон, доруворӣ ва ҳқазо муқаррар ва танзим менамоянд.

Фоида аз фурӯши молҳо бо формулаи зерин муайян карда мешавад:

ФФ = ДУ – ААИ – ХМ, (2)

Дар ин ҷо: ФФ – фоида аз фурӯши молҳо, сомонӣ;
ДУ – даромади умумӣ аз фурӯши молҳо, сомонӣ;
ААИ – андоз аз арзиши иловашуда, сомонӣ;
ХМ – хароҷоти муомилот, сомонӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ