Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Агар вақте расаду илми ҷадид пирӯз шаваду дар мағзи одамон роҳ пайдо кунад ва дорои қудрате шавад, ки онро мувофиқи мақсад “ҷо ба ҷо” кунад, шояд навад аз сади инсонҳо шабеҳи Абуалӣ ибн Сино ва нобиғаи дунё камол ёбанд. Агар илм тавонад, ки ақли камақлонро боло бурда, илму истеъдоди онҳоро баланд бардорад, сарнавишти инсоният тағйир хоҳад ёфт ва табиист, ки хеле чиз тағйир меёбад. Аммо, ба фикри мо, дар масъалаи рӯҳи инсон мо ба зудӣ ба пирӯзӣ нахоҳем расид.
Яъне наметавонем, ки рӯҳи худро пурра бишносем. Рӯҳ қудрати хуб дарк кардани худро надорад.
Шояд инсоният дар рӯйи замин нисбати рӯҳ дониши зиёде пайдо кунад, аммо худро то охир ва рӯҳи худро намефаҳмад.
“Ҳақиқати дил, ки вай чӣ чиз аст ва сифати хоси вай чист, шариат рухсат надодааст. Ва барои он буд, ки Расул(с.а.в.) шарҳ накард, чунонки Ҳақ Таоло гуфт: “Ясъалунака анирруҳ қулирруҳу мин
1 амри Раббӣ”. Мепурсанд туро аз ҷон, бигӯй: Ҷон аз амри Худованди ман аст). Беш аз ин дастурӣ наёфт, ки гӯяд: Рӯҳ аз ҷумлаи корҳои илоҳӣ аст ва
2 аз олами амр аст: “Ало лаҳулхалқу валамр” Огоҳ бош, ки офаринишу фармон Худойрост). ... Аммо ин рӯҳ, ки мо онро дил мегӯем, маҳалли маърифа-

1
Қуръони карим, 17:85.
Қуръони карим, 7:54.

пешина
аз 53
навбатӣ