Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тарбия ва ба камол расидани инсон аз давру замон ва муҳити атроф низ, албатта, вобаста аст, аммо дар ҳолати умумӣ “камолот” дар остонаи болотаре ҷой дорад ва ба иродаи Холиқи мутлақ тобеъ аст.
Барои амиқтар таҳлил намудани ин масъала ҳаёту фаъолияти инсонҳои комил, хусусан, пайғамбарон, асҳоб ва авлиёро бояд омӯзем.
Саволе ба миён меояд, ки оё бо илми дунявӣ ба камолоти инсонӣ расидан имконпазир аст? Албатта, олим то дараҷае баланде аз асрори олами атроф, ин ё он предмет ё ҳодисаи олами материалӣ огоҳӣ меёбад. Аммо ин ба камолоти илмӣ маҳсуб аст, на камолоти инсонӣ ё рӯҳӣ.

КАМОЛОТ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Инсон дорои сифатҳои ба ҳам зидди одиливу шафқат ва ҳам золимиву нафрат аст. Эҳсосоти ӯ маҷбуранд дар тан доимо дар ҳамоҳангӣ ва муросо бошанд.
Ҳамаи динҳо, таълимотҳо, пешвоёни тафаккур ба омӯхтани қобилият, рӯҳият, ахлоқ ва тарбияи инсон, аз гуноҳу камбудиҳо пок намудани вай машғул буданд. Бо бузургӣ ва ягонагӣ нигоҳ накарда, ба корҳои ношоиста, ба доми нафсу ҳирси ҳайвонӣ афтодани одамон онҳоро дар ҳайрат оварда буд. Чаро яке бо роҳи нишондодаи Парвардигор равон асту бошарафу мукаррам мешавад ва дигаре монанди ҳайвон аст, ба гуноҳ ва пастӣ олуда мегардад? Ба хотири чӣ барои як миқдори ками фоида кас хонаи касеро медуздад, харобӣ ё одамкушӣ мекунад, қасам мехӯрад, дурӯғ мегӯяд, аз иффат мегузарад, бадани худро мефурӯшад ва ғайра?

пешина
аз 53
навбатӣ