Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 3. СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

Стратегияи фаъол дар муқоиса бо диверсификатсияи одӣ барои баланд бардоштани самаранокии сармояҳо маълумоти дастрасро истифода менамояд.

Стратегияи функсионалӣ - ин стратегия самтҳои умумии инкишофи ширкатро бо шаклҳои гуногуни тиҷорат дар бар гирифта, барои таъмини тавозуни портфел ва хизматрасонӣ равона гардидааст. Ин стратегияест, ки аз ҷониби шӯъбаҳои амалкунанда ва дигар хадамоти ташкилот таҳия карда мешавад. Ин стратегияи маркетинг, молия, истеҳсолот ба ҳисоб меравад. Мақсади асосии стратегияи функсионалӣ аз тақсими захираҳои шӯъба (хадамот), ҷустуҷӯ намудани рафтори самараноки вазифаҳои зерсохторҳо дар чорчӯбаи стратегияи умумӣ иборат аст.

Дар байни таснифоти зиёд инҳо аз ҳама муҳим ва бештар истифодашаванда мебошанд:

  • Дараҷаи қабули қарорҳо (корпоратӣ, корӣ ва стратегияи функсионалӣ);
  • Консепсияи базавии ноил гаштан ба бартариҳои рақобат (стратегияи ҳадди ақали хароҷот, стратегияи дифференсатсия, стратегияи такмилдиҳӣ, стратегияи инноватсионӣ, стратегияи дарки тез, стратегияи синергизм);
  • Марҳилаи фаъолияти амалии соҳа (стратегияи ширкатҳо, инкишофёбанда, пухта ва марҳилаи таназзули соҳа);
  • Қувваи нисбии мавқеи соҳавии ташкилот (стратегияи соҳавии пешсафон ва пайравони он, стратегияи ба диверсификатсияи вобаста ва новобаста алоқаманд);
  • Тафсилоти асосии маҳсулот ва самтҳои паҳн намудани он (стратегияи хӯрокворию маркетингӣ, стратегияи глобализатсия);
  • Сатҳи рафтори «шиддатнок»-и ташкилот дар муборизаи рақобатнок (стратегияҳои муҳофизаткунанда ва ҳамлакунандаи рақобат).

Омили мураккаби таснифот аз он иборат аст, ки қисми зиёди стратегияҳо наметавонанд аз рӯи як нишона муайян карда шаванд.

Таснифоти стратегия аз рӯи се намуд пешниҳод карда мешавад. (Ҷадвали 3.2):

  • Мансубият ба панҷ асосии стратегияи ноилгардӣ ба бартариҳои рақобат (стратегияи глобалӣ);
  • Мансубият ба стратегияи идоракунии портфели соҳаи тиҷорат (стратегияи портфелӣ);
  • Мансубият ба стратегияе, ки бо дарназардошти шароитҳои беруна ва дохилӣ (функсионалӣ) истифода мешавад. Дар ин маврид стратегияи 3.7-3.11 бо дарназардошти шароитҳои дохилӣ истифода карда мешавад.
пешина
аз 469
навбатӣ