Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

одоб, маънавиёт (татбиқи стратегия набояд ба меъёрҳои маъна- виёт ва ҳуқуқ мухолифат намояд);
мувозинат бо муҳит, ки имконияти таъсиррасонии муштаракро бо он таъмин месозад (стратегия таҳти таъсири тағйирот дар атрофи ширкат мемонад ва метавонад ин тағйиротро ташаккул диҳад);
хатари боваринок;
ба самти бартариҳои рақобат ва муваффақиятҳо равонашуда;
дар шакли умум, ба ҳисоб гирифтани ҳавасмандиҳои ҷомеа, ҳокимияти маҳаллӣ, саҳомон, шарикони рушд, инчунин махсусиятҳои соҳа ва мавқеи ширкат дар он;
алтернативӣ (стратегия дар асоси якчанд тарзҳо коркард мешавад).

3.2. ХЕЛҲОИ СТРАТЕГИЯ ВА ТАФСИЛОТИ ОНҲО
Таснифоти стратегия

Гуногунии стратегия, ки дар менеҷменти стратегӣ истифода мешавад, таснифоти онро мушкил мегардонад. Бештар стратегия аз рӯи чорчӯбаи тақвиятёфтаи зерин таснифот мешавад:
Стратегияи базавӣ;
Стратегияи рақобатнок;
Стратегияи соҳавӣ;
Стратегияи портфелӣ;
Стратегияи функсионалӣ.
Ба стратегияи базавӣ самтҳое дохил мешаванд, ки онҳо ҷанбаҳои бештари инкишофи ширкатро дарч менамоянд: стратегияи инкишоф, стратегияи ихтисорӣ, стратегияи комбинатсионӣ.

Стратегияи рақобат стратегияи ноил гаштан ба бартариҳои рақобат, стратегияи рафтор дар муҳити рақобат аст. Дар зери мафҳуми страте- гияи рақобат стратегияи ноилшавӣ ба бартариҳои рақобатнок ва стра- тегияи муносибат дар муҳити рақобатнок фаҳмида мешавад. Таҳти мафҳуми бартариҳои рақобат активҳои намоён ва нонамоёни ширкат ва ё салоҳиятнокӣ дар самти фаъолият, ки барои тиҷорат муҳиманд, фаҳмида мешавад. Рафтори рақобат дар навбати худ рафтори мавқеи мушаххасро дар майдони рақобат инъикос менамояд.

Стратегияи портфелӣ (корпоративӣ) ин стратегияест, ки самти умумии рушди ширкатро бо навъҳои гуногуни бизнес нишон дода, ба таъмини тавозуни портфели молу хизматрасониҳо равона карда шудааст. Страте- гияи портфелиро ба фаъол ва ғайрифаъол ҷудо мекунанд. Стратегияҳои ғайрифаъол маълумоти камтарин дар бораи ояндаро талаб мекунанд. Дар асоси ин қабил стратегияҳо диверсификатсия ҷо дорад, ки мувофиқати даромаднокии индекси бозоргонии интихобгардидаро таъмин менамояд.

пешина
аз 469
навбатӣ