Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

барои ба намуди ҳуҷҷати мувофиқ даровардани ақидаи нав роҳбар метавонад талаб намояд. Аз тарафи дигар, ин навъи стратегия навовар ва пайдарпай шуда метавонад.

  1. Стратегия ҳамчун «раванди тафаккур». Минтсберг таъкид менамояд, ки дар алоҳида ва дар якҷоягӣ стратегия маҳсули шуури инсон буда, дар ин замина зарурати «чӣ хел шуур ахборотро таҳлил ва стратегияро коркард мекунад»-ро қайд менамояд. Ба рӯйхат ворид намудани ин мактаби таҳминӣ маънои даъвати бештар барои зиёдтар дар ин самт кор карданро дорад. Бо ақидаи Минсберг, фаҳмидан муҳим аст, ки малакаҳои аз таҷриба гирифташуда ба ташаккули стратегия чӣ гуна таъсир мерасонанд.

Ба ақидаи коршиносони таҷрибадор ва таҳлилгарон идоракунии стратегӣ раванди зеҳнӣ аст. Дар доираи ин раванд ахборот ҷамъ мешавад, азхудкунии он ба амал меояд, табодул, танзими ақидаҳо ва баҳодиҳии онҳо иҷро мегардад. Чунин навъи фаъолияти зеҳнӣ хусусияти алоҳида ва ё гурӯҳӣ дошта метавонад. Такмилдиҳии идоракунии стратегӣ ин такмилдиҳии ҳама давраҳои раванди тафаккури эҷодӣ мебошад. Чӣ қадаре ки мутахассисон доир ба идоракунии стратегӣ ва хусусиятҳои тафаккур дар ҳар ҳолати муайян (дар шуури роҳбар дар давраи ташаккул ва такмили стратегия чӣ рӯй медиҳад) бештар донанд, эҳтимоли бештари истифодаи ин донишҳо ба амал меояд. Тарафдорони ин мактаб набояд бо ташаккули стратегияи муайян машғул шаванд, балки таҷрибаи фаъолияти зеҳнии муваффақонаву некоми стратегҳо ва марказҳои хоҷагидории стратегияро омӯзанд.

  1. Стратегия ҳамчун «омӯзиш» ҷузъи таҷриба таҳмин карда мешавад. Барои омӯхтани фаъолияти стратегӣ омӯзиши таҷрибаи гузашта ва фаъолияти стратегии ҷорӣ кифоя нест. Санҷиши ақидаҳо, ки аз ҳақиқати мавҷуда бармеоянд, заруранд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки стратегия — «омӯзиш» ҳамзамон таҳсили стратегӣ ва таҷрибаи стратегиро мефаҳмонад.

  2. Стратегия ҳамчун «сиёсат ва ҳокимият». Минсберг ду самтро ҷудо менамояд ва сиёсатро қисми раванди стратегӣ мешуморад. Дар сатҳи хурди сиёсати дохилӣ шахсони бонуфуз (иттифоқи маъюбон, ҳокимиятдорон) воситаҳои сиёсиро барои комёбӣ ба мақсадҳо истифода мебаранд. Самти дуюм, вақте ки ширкат барои комёбӣ ба мақсадҳои худ ба ташкилотҳои беруна таъсири сиёсиро истифода мекунад, сиёсатро алоҳида аз стратегия арзёбӣ менамояд.

Зери мафҳуми стратегия маҳорати истифодаи ҳокимият фаҳмида мешавад. Стратегияи ҳақиқии ташкилот ин фаъолият доир ба тақсимот ва истифодаи захираҳо мебошад. Чӣ гунае, ки мутаносибии гурӯҳи пурқуввати дорои захираҳо ба роҳ монда шуда бошад, стратегия низ ҳамин хел сурат мегирад. Ба сифати гурӯҳи асосии пурқувват дар ташкилот одатан соҳибмулк, роҳбарон, кормандони одӣ, истеъмолкунандагон, шарикон, рақинон, ташкилотҳои ҳукуматӣ баромад мекунанд. Худи гурӯҳи пурқувват

пешина
аз 469
навбатӣ