Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Бозоров Шавкат Шарифович яке аз иқтисодчӣ ва таҳлилгари варзидаи Тоҷикистон дар самти менеҷменти стратегӣ, доктори иқтисод, профессори кафедраи менеҷменти Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
Дар соли 1994 ҳангоми дар вазифаи мудири шуъбаи иқтисод ва молияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан дар таҳияи аввалин Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси раиси гурӯҳи корӣ иштирок намуд. Дар татбиқи Стратегияи ҳалли мушкилоти хоҷагиҳои пахтакор ба ҳайси аъзои Комиссияи мустақил оид ба тафтиши қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор ва роҳбари гурӯҳи корӣ (солҳои 2005 - 2006) ширкат намуд.
Ҳамчун аъзои Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар омода намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва ба ҳайси коршинос дар таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 иштирок намудааст.
Бозоров Ш.Ш. ташкилкунанда ва аввалин Раиси Ассотсиатсияи миллии бизнеси хурд ва миёна (солҳои 1993 - 1996) ва Ассотсиатсияи менеҷерон ва маркетологносон (солҳои 2002-2013) ба шумор меравад.
Бозоров Ш.Ш. ба ҳайси пешсафи тим дар таҳия ва татбиқи зиёда аз 20 грант роҳбарӣ намудааст ва ҳамчун коршиноси мустақил дар таҳияи лоиҳаҳои байналмилалӣ ширкат варзидааст. Муаллифи зиёда аз 70 корҳои илмӣ, аз ҷумла 20 маводи илмию методӣ, инчунин ҳаммуаллиф ва муҳаррири илмии китоби дарсии «Менеҷмент» мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор