Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР TFT
• натиҷагирӣ барои муайянкунии эҳтиёҷоти истеъмолкунандагон, инчунин, назар ба рақибон бештар қаноатгардонии онҳо бо усулҳои нисбатан самараноқ;
• баландбардории сатҳи некуаҳволии истеъмолкунанда ва ҷомеа;
• таҳияи ақидаи ҷомеа оид ба ақидаҳои иҷтимоӣ, вазифаҳо ва фаъолиятҳои муайян;
• танзими таъсири мутақобилаи мубодила, натиҷагирӣ аз сифат.
Принципҳои номбаршуда захираҳои самараноки баландбардории идоракунии иҷтимоӣ буда, имконияти ҳалли масъалаҳои ташкилотҳои хайриявӣ ва хайрияҳоро ба пуррагӣ амалӣ мегардонанд.
16.4. ХУЛОСАҲОИ МУХТАСАР
-
Дар ҷаҳони муосир сектори ғайритиҷоратӣ яке аз соҳаи нисбатан серҳаракати иқтисодиёт буда, дар таҳияи ақидаҳои ҷомеа ва қабули қарорҳои муҳимтарини давлатӣ TFT таъсири назаррас ва устувор мерасонанд.
-
Дар баробари хислатҳои умумӣ бо идоракунии бизнес-сохторҳои менеҷменти стратегӣ дар TFT якчанд фарқиятҳои асосӣ, ки бо муайянкунии миссия ва мақсадҳо алоқаманд аст, ташаккули ташкилоти олии идоракунӣ ва механизмҳои идоракунии TFT мавҷуданд.
-
Аз рӯи ақидаи Питер Друкер: «Муассисаҳои ғайритиҷоратӣ тадриҷан ба пешсафони менеҷмент мубаддал мегарданд. Дар таҷрибаи стратегия ва роҳбарии самараноқ принципҳоеро истифода менамоянд, ки аксар ташкилотҳои тиҷоратӣ онҳоро расман эълон мекунанд».
-
Ҳангоми коркард ва татбиқи стратегияи TFT аз дастурҳои махсуси услубӣ, ба монандӣ муайян намудани омили муҳими таъсиркунанда ба фаъолияти TFT; омӯзиши натиҷаҳои тадқиқоти маркетингии бозор, истеъмолкунандагон, рақибон, имкониятҳои шарикони рушд ва ғайра; муайян намудани таҳдиди беруна ва имкониятҳои муносибат бо ташкилотҳои мазкур, тарафҳои пуркувват ва заифи он; муайян намудани бартариҳои асосии рақобатнокӣ, ки ба фаъолияти соҳибкории TFT алоқаманданд; таҳияи барномаи мувофиқати амалҳо доир ба баланд бардоштани қобилияти рақобатнокии TFT истифода бурда мешавад.
-
Шартҳои муҳими истифодаи самараноки идоракунии стратегии TFT чунинанд: баланд бардоштани сатҳи тахассусии роҳбарияти TFT; истифодаи бартариҳои махсуси иловагии TFT; рушди фаъолияти соҳибкорӣ; ҷалби диққат барои истифодаи иқтидори зеҳнии ҳайати кормандони ташкилот ва баҳисобгирии талаботи нави шароитҳои муосири гузариш ба бозор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор