Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
• сатҳи пасти саводнокӣ ва ахборотии фермерон оид ба агротехнологияҳои нави тараққикарда, тухмиҳои хушсифат ва сермаҳсул, намудҳои чорвои хушзот, инчунин имконияти истифодаи онҳо;
• сатҳи пасти менеҷменти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ташкили маркетинги кишоварзӣ;
• андозбандии нодурусти ХДФ, ки на аз даромади фермерон, балки аз рӯи музди маоши онҳо амалӣ карда мешавад, андозбандии беасос аз фурӯши чакана ва баландкунии андози иҷтимоӣ ва гаронии андоз ба назар мерасад.
Стратегияи рушди муассисаҳои хайриявӣ
Асоси стратегияи TFT-ро идеология низ ташкил менамояд. Сабаби ташкил ва фаъолият намудани чунин ташкилотҳо як қатор арзишҳои ахлоқӣ, одоб, умумӣ, динӣ ва ғайра мебошанд. Чунинанд ташкилотҳои маъмулӣ, масалан TFT.
Дар TFT ба монандӣ ташкилотҳои хайриявӣ, калисо, мактабҳои хусусӣ, фондҳо ва ғайра сарчашмаи захираҳои гуногун буда, саҳмгузорон (бенефисарҳо) истифодабарандагони хизматрасониҳо нестанд. Ба ғайр аз ин, масалан дар шакли грантҳо маблағҳо барои хизматрасониҳои оянда ҷудо карда мешаванд. Фондҳо метавонанд стратегияро мустақиман амалӣ намоянд, вале барои фондҳои ҷудошуда таҳияи стратегияи рақобат зарур аст. Душвории дигар дар он аст, ки саҳмгузорон нисбат ба самаранокии хизматрасониҳои TFT бештар барои баҳодиҳии самаранокии маблағи ҷудошуда майл доранд.
Принсипҳои асосии фаъолияти хайриявӣ инҳоянд:
• Дарозмуддатӣ ва рушд. Маблағгузории иҷтимоӣ дар асоси заминаҳои пайдарпайии дарозмуддат гузаронида мешавад. Лоиҳаҳои хайриявӣ бо дарназардошти таҷрибаҳои қаблӣ, омӯзиши талаботи иҷтимоӣ дар минтақаҳои мавҷуда тараққӣ меёбанд.
• Суроғавӣ. Лоиҳаҳои муайяни хайриявӣ, ки ҳамаи арзишҳои моддии ҷудошуда то истеъмолкунандаи ниҳоӣ кафолатнок расонида, аз ҷониби ҳайати кормандон ва роҳбарияти Гурӯҳи «ЗЕНИТ» татбиқ ва назорат карда мешаванд.
• Маҷмӯӣ ва натиҷанокӣ. Тағйироти сифатӣ дар соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ танҳо аз ҳисоби дастрасии маблағҳои маҷмӯии иҷтимоӣ амалӣ мегарданд. Лоиҳаҳои хайриявии гурӯҳи бонкии «ЗЕНИТ» бо низоми умумии маблағгузории иҷтимоӣ муттаҳид ва якдигарро пурра намуда, натиҷаи ҳадди ақали устувориро таъмин мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор