Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 16. ХУСУСИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ ДАР ТҒТ

ғайритиҷоратӣ дар вақтҳои охир ба истифодаи менеҷментони касбӣ гузаштанд. Онҳо ба дараҷаи васеъ ва мураккаб гардиданд, ки шахсони ихтиёрии ба қисме аз шуғли меҳнатӣ фарогирифташуда, ки дар як моҳ як маротиба се соат ҷамъ мешуданд, акнун аз уҳдаи чунин «хоҷагӣ» намебаромаданд. Салиби Сурхи Амрикой дар ҷаҳон ташкилоти ғайридавлатии калонтарин, бешубҳа, яке аз сохторҳои мураккабтарин мебошад. Он бо расонидани кумак дар ҳолатҳои садамаҳои ҷаҳонӣ машғул аст. Дар ихтиёри вай ҳазорҳо бонкҳои хун, инчунин бонкҳои устухону пӯст дар бемористонҳо мавҷуданд. Салиби Сурх барои мутахассисони хадамоти наҷотдиҳандагии давлатӣ, барои расонидани ёрии таъҷилӣ ҳангоми вайроншавии ҷиддии кори дил ва роҳҳои нафаскашӣ дар ҳазор мактаб курсҳои омӯзишии кумаки аввалини тиббӣ мегузаронанд. Бинобар ин, дар ин муассиса то соли 1950 вазифаи пардохтшавандаи роҳбарияти олӣ пешбинӣ нашуда буд ва аввалин иҷрокунандаи асосии вазифаи директор дар солҳои ҳукмронии президент Р. Рейган пайдо гардид.

Бо вуҷуди ин, новобаста аз миқдори менеҷерони касбӣ (иҷрокунандагони вазифаи директорони касбӣ ҳоло дар аксарият ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ кор мекунанд), функцияҳои Шӯрои директорро дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ то дараҷае, ки дар сектори тиҷоратӣ ба амал омадааст, расонидан мумкин нест. Ин ба иҷрокунандагони вазифаи директорҳо маъқул аст ва ё не (бо дарназардошти аксарият - бешубҳа не), аммо Шӯрои директорҳо дар чунин сохторҳо барои гирифтани мавқеи «генералҳои базморо» розӣ намешавад. Яке аз сабабҳо ин маблағ аст. Танҳо баъзе директорони ҷамъиятҳои саҳомии шакли кушода дорандаи маҷмӯи зиёди саҳмияҳои муассисаҳои худ буда, дар он сурат аъзоёни Шӯрои директорҳо дар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ амонатгузори маблағҳои калон шуда, инчунин барои муассисаи худ сарпараст меёбанд. Аммо бояд дар назар дошт, ки аъзоёни Шӯрои директорҳо дар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, чун қоида, шахсан бо коре, ки онҳо сару кор доранд, ҳавасманд мебошанд.
Агар масъалаи дин ва маориф онҳоро ба изтироб наорад, на ҳар кас барои аъзо шудан ба Шӯро ва ё мушовири Шӯрои парастории мактаб розӣ мешавад. Ба ғайр аз ин, аъзоёни Шӯрои директорҳо дар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ то интихоб шудан ба вазифаҳои идоракунӣ якчанд сол дар ин муассисаҳо ба таври ихтиёрӣ кор карда, дар тафовут ба одамони бегона оид ба хусусиятҳои ин кор тасаввуроти муайян доранд.

Усулҳои муайяни баҳодиҳии самараноки идоракуниро дида мебароем.
П.Роби ва К.Сейлз дар шакли асосӣ рӯйхати зерини меъёрҳои нишонгирандаро ба муассисаҳои тиҷоратӣ пешниҳод намудаанд:

  1. сифати идоракунӣ;
пешина
аз 469
навбатӣ