Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ҶТ, ташкилотҳои минтақавию маҳаллӣ, ки барои дар оянда ба нафъи ҷомеа манфиатнок мондани ташкилот қарор қабул мекунанд, бояд аз ин ислоҳот хабардор карда шаванд.

Фарқияти мақсадҳои ду гурӯҳ ташкилотҳои, ки муносибати гуногун доранд, барои банақшагирии стратегӣ ва идоракунии ширкату ТҒТ муайян карда мешаванд (ҷадвали 16.1). Агар талаботи амалии дуруст ва иҷрошаванда барои мақсадҳои корпоративӣ ифодаи миқдорӣ бошанд, пас мақсади миқдории ТҒТ-ро тасаввур кардан душвор мешавад, ҳатто дар аксари вақт он ғайриимкон аст. Мақсади зиёдшавии даромад барои ташкилотҳои тиҷоратӣ дар ҳама давраҳои тараққиёти онҳо ҳамчун омили муайянкунанда бошад, пас бе гирифтани даромад ширкат фаъолият карда наметавонад. Ин даромад дар нақшаҳо қайд карда шуда, усулҳои назорати ҳама давраҳои гирифтани онҳоро муайян мекунад.

Ҷадвали 16.1. Фарқиятҳои ширкат ва ТҒТ аз рӯи мақсадҳо.

№ Корпоратсияҳо, ширкатҳо Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
1 Миқдорӣ Сифатӣ
2 Бетағйир Тағйирёбанда
3 Пай дар пай, мутобиқ Низомӣ
4 Якхела Гуногуннақшагӣ
5 Амалиётӣ Ғайриамалиётӣ
6 Равшан, муайян Номуайян, шусташуда
7 Андозашаванда Андозанашаванда

Аз гирифтани даромади эҳтимолӣ мақсадҳои ташкилот ва роҳҳои комёбшавии онҳо муайян мегарданд. Ҳамин тавр, ширкат дар раванди муайянкунии мақсадҳо афзалият дошта, онҳо бо ифодаи миқдорӣ возеҳ, аниқ муайян ва пешниҳод шудаанд. Масалан, бояд сатҳи муайяни фурӯш, иҳотаи бозор ва ё истеҳсолот ба даст ояд. Дар ҳолати ТҒТ мақсадҳо одатан босифат ва дар шакли умумӣ муайян карда мешаванд. Аксаран ҳангоми ифодаи онҳо феълҳои «беҳтаркунӣ», «баландкунӣ», «афзалиятнокӣ» ва монанди инҳо истифода мешаванд. Мақсадҳои ТҒТ аксаран амалиётианд, яъне якчанд маҷмӯи амалиёт ва ҳаракатҳо, ки бо амалишавии онҳо ба мақсадҳо ноил шудан мумкин бошад, нест.

Мақсадҳо ба монандӣ ширкатҳо, муассисаҳои бедаромад (МБ) метавонанд бо якдигар низоъ бардошта, мухолифат намоянд. Дар ҳолати низои мақсадҳо аз нав тақсимкунии захираҳо, ки ҳаҷми даромадро муайян мекунанд, иҷозат дода мешавад. Аксаран ширкатҳо маҷбур мешаванд, ки бо сабаби норасоии захираҳо аз як қатор мақсадҳо даст кашанд. Ҳамин тавр, ташкилотҳои тиҷоратӣ одатан масъалаи мавҷудияти мақсадҳои

пешина
аз 469
навбатӣ