Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 15. СТРАТЕГИЯИ РУШД ДАР ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

самаранокии хизмати давлатӣ, шаффоф набудани банақшагирии буҷет, иқтидори маҳдуди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, мавҷуд будани монеаҳои маъмурӣ ва сатҳи баланди коррупсия дар мақомоти идоракунии давлатӣ ба шумор мераванд.

  1. Барои баррасии муаммоҳои идоракунии давлатӣ Стратегияи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат барои солҳои 2013- 2015 қабул гардидааст, ки дар доираи он чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта шудаанд: татбиқи ҷузъҳои таркибии ҳокимияти электронӣ, аз байн бардоштани дахолати давлатӣ ба фаъолияти хоҷагидорӣ, баланд бардоштани шаффофияти идоракунии молиявии давлатӣ, таҷдиди сохтори идоракунии захираҳои инсонӣ, ки дар баланд бардоштани ҳавасмандӣ ва аз байн бурдани коррупсия мусоидат менамояд.

  2. Идоракунии стратегии ҳудудии рушди минтақа (шаҳр) риояи принсипҳои зеринро талаб менамояд: мақсаднокӣ, маҷмӯӣ, мувофиқатӣ, самаранокӣ ва қонуният.

15.5. САВОЛҲОИ САНҶИШӢ:

  1. Идоракунии стратегии давлатӣ чӣ маъно дорад?

  2. Фарқияти менеҷменти стратегии ташкилотҳои тиҷоратӣ аз системаи идоракунии давлатӣ дар чист?

  3. Дар истифодаи кадом захираҳо асоси фаъолияти системаи стратегии идоракунии давлатӣ инъикос меёбад?

  4. Бо кадом нишондодҳо баҳодиҳии самаранокии идоракунии стратегии давлатиро амалӣ менамоянд?

  5. Кадом тартиботи асосиро методологияи коркарди СМР дар бар мегирад?

  6. Самтҳои бартариноки СРМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар марҳилаи то соли 2015 номбар кунед.

  7. Раванди ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ кадом вазифаҳоро дар бар мегирад?

  8. Муаммоҳои асосии системаи идоракунии давлатӣ кадомҳоянд ва барои бартараф намудани онҳо кадом чораҳо амалӣ карда мешаванд?

  9. Асосҳои методологияи банақшагирии стратегии ҳудудӣ кадомҳоянд ва кадом принсипҳоро бояд риоя намуд?

  10. Ҷузъи муҳими концепсияи рушди шаҳр дар самти интихоби стратегӣ кадом аст?

пешина
аз 469
навбатӣ