Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
ба эътибор гирифтани нуқтаи назари дигар мутахассисон нисбати баррасии муаммоҳо ҳангоми қабули қарорҳои ниҳоӣ.
Кейсҳо ҷараёни одию расонидани дониш ва иштироки фаъоли донишҷӯён дар ҷараёни таълим якҷоя менамоянд. Кейсро баррасӣ намуда, оид ба масъалааст, донишҷӯён — менеҷерҳо хулосаи тайёрро мегиранд, ки барои дар ҳолатҳои монанд истифода намудан ба кор меояд.
Вале бартарии асосии технологияи мазкур дар ҳавасмандии зиёди донишҷӯён зоҳир мегардад. Таҷрибаи гузаронидани семинарҳо нишон медиҳад, ки донишҷӯён бо як шавку рағбат ба баррасии проблемаю мушкилот, ки дар кейс дарҷ гардидаанд, муносибат менамоянд. Технология барои мустақил будан дар ақидарониҳо имконият фароҳам меорад ва ҳамзамон на танҳо дониши мукаммал, балки татбиқи ин донишҳоро дар амалия роҳандозӣ месозад.
Дар ниҳояти кор қарорҳои кейсҳо ба донишҷӯён барои интихоби асосноки ихтисоси ояндаи худ мусоидат менамоянд. Шиносоии наздик бо таҷрибаи кейс имрӯз боз аз он ҷиҳат муҳим аст, ки ширкатҳои байналмилалӣ онро барои интихоби номзадҳо барои ишғоли ҷойҳои кори холӣ истифода мебаранд.
Методологияи таҳлили кейс. Барои он ки фавран ва дуруст кейсро баррасӣ намоем, аз заминаи моделҳо ва тарзи таҳлил истифода бурдан лозим аст. Интихоби дурусти ин ва ё он стратегия ҳангоми хулоса ва қарорҳои кейс муҳиманд. Кейсҳо ин ҳолати истифодаи амалияе мебошанд, ки проблемаҳои ҳақиқии тиҷоратро инъикос менамоянд. Онҳоро метавон ба ду қисм ҷудо намуд:
• Кейсҳои хурд (мини кейсҳо) проблемаро дар шакли кӯтоҳ тасвир месозанд ва барои менеҷерон ба ҳайси «машқи интеллектуали»
метавонанд истифода шаванд. Дар ин кейсҳо, чун қоида, маълумоти иловагӣ оид ба ширкат мавҷуд нест. Аммо дар мавриди зарурӣ Шумо метавонед бо маводи иловагӣ шинос шавед;
• Мастер-кейсҳо ин навъи кейсҳои мушаххасе мебошанд, ки дар худ маълумоти иловагиро доранд. Чунин навъи кейсҳо аксаран дар бизнес - мактабҳо дар мавриди мусобиқаҳои тимҳо истифода бурда мешаванд.
Новобаста аз шакли кейс, вазифаи Шумо бо пешниҳод намудани
қарорҳои манфиатноки идоракунӣ ва нақшаи амалиёте, ки дар назари
Шумо дар ин ҳолати ба амаломада афзалтар аст, аз баррасии вазифаҳои
гузошташуда ва ё проблемаҳои мавҷуда иборат мебошад. Шуморо зарур
аст, ки оқибатҳои потенциалии хулосабарориҳои худро нишон дода,
қарори қабулнамудоро асоснок намоед. Ҳангоми баррасии кейс, назар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё