Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Барои ширкатҳои як самти фаъолиятдошта се дараҷа (корпоратӣ, функсионалӣ ва менеҷменти назоратӣ) басанда аст. Дар ширкатҳое, ки шакли моликияташон хусусӣ аст, бо сабаби ҳаҷми начандон калони фаъолият, таҳия ва татбиқи стратегия ба як ва ё ду нафар менеҷерҳои стратегӣ вогузор карда мешавад.

Тарзҳои махсус ва усулҳои менеҷменти стратегӣ ба роҳбарон барои баҳодиҳӣ ва силсилабандӣ намудани навъҳои гуногуни тиҷорат, ҷалб намудани таваҷҷуҳ ба проблемаҳои ҳалшаванда ва самтҳои мавҷуда ва дар ниҳоят, таъмини инкишофи устувори ташкилот дар марҳилаи дурнамои дарозмуддат кумак мерасонанд.

Аз рӯи ақидаи Э. Врап (Донишгоҳи Чикаго), менеҷерҳои стратегияи пешсаф бояд малакаҳои зеринро доро бошанд:
• Бо маълумоти мукаммал таъмин бошанд;
• Малакаи идоракунии вақт ва қувваро дошта бошанд;
• Сиёсатмадори хуб бошанд (ташкилкунандагони консенсус);
• Онҳо набояд ба монанди таҳлилгарон “побанд” бошанд;
• Қобилияти пешбурди барномаро дар самти инфиродӣ дошта бошанд.

Бо маълумот пурра таъмин будан имконият медиҳад, ки дар сатҳҳои гуногуни идоракунӣ қарорҳои доираи васеъдошта қабул намоянд. Менеҷерҳо бояд дар қисмҳои гуногуни ташкилот силсилаи сарчашмаи маълумотро ташкил намоянд, ки ба онҳо барои дар ҳудуди воқеияти оперативӣ мондан кумак мерасонанд.

Менеҷерҳо дар тақсимоти вақт ва қувваи худ барои ҳалли корҳои гуногун, қарору муаммоҳо бояд малака дошта бошанд. Онҳо бояд донанд, ки дар кадом вақт масъулиятнокиро тақвият додан ва дар кадом маврид ба қисми қарорҳои инфиродӣ гузаштан лозим аст.

Сиёсатмадори зирак бояд дар асоси идеяҳои худ санъати ба консенсус (розигии тарафҳо) муваффақ шуданро дошта бошад ва набояд аз рӯи эътибори худ барои пешрафти он сахтгирӣ намояд. Вай бояд аъзо ва пешсафи коалитсия бошад, на ҳамчун ҳукмфармо. Ҷаҳони тағйирёбандаи муосир аз менеҷери стратегӣ уҳдабароии муайянро талаб менамояд. Ин маънои онро надорад, ки ширкат бояд бе мақсадҳои муайян фаъолият намояд, баръакс барои баррасии онҳо доим омода бошад.

Менеҷменти стратегияи интерактивӣ ин дастоварди муосираст, ки ба муаллифи он Р.Л. Акофф тааллуқ дорад. Ғояи асосии он аз малакаи коркарди стратегия дар такя ба иқтидори эҷодии тамоми коллектив, ки барои ояндаи ташкилот ва ҷустуҷӯи роҳҳои нави фаъолият сафарбар карда шудаанд, иборат аст.

пешина
аз 469
навбатӣ