Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗУИ 10. ТАШАККУЛИ СТРАТЕГИЯИ ТАШКИЛОТ

Давраҳои «Ташаккули миссия», «Муайянкунии мақсадҳо» ва «Таҳияи стратегия» аксаран дар давраи «Банақшагирии стратегӣ» муттаҳид карда мешаванд, ки давраи асосии идоракунии стратегӣ мебошад. Вобаста ба миссия ва барои татбиқи мақсадҳои ширкат гурӯҳҳои зерини стратегияи асосӣ ҷудо карда мешаванд: корпоративӣ, маҳсулотӣ, истеҳсолӣ, маркетингӣ ва захиравӣ.

Дар ин ҷо муқаррар намудани алоқа ва таъсири мутақобила байни миссия, мақсад ва вазифаҳо зарур аст (ниг. ба расми 10.2).

  1. Муайян намудани миссия

  2. Таҳлили муҳити беруна

  3. Ташаккули мақсадҳо

Функсия Мақсадҳо

Маркетинг Сифат
Молия Сифат
КИТТК Сифат
Истеҳсолот Сифат
Кормандон Сифат
Сохтор Сифат

  1. Банақшагирии стратегия
    Интихоби стратегияи корпоративӣ
    Қабули стратегияи корбарӣ
    Ташкили стратегияи функсионалӣ

  2. Вазифагузорӣ

Функсия Мақсадҳо

Маркетинг Сифат
Молия Сифат
КИТТК Сифат
Истеҳсолот Сифат
Кормандон Сифат
Сохтор Сифат

Расми 10.2. Вазифагузорӣ дар раванди коркарди стратегияи ташкилот.

Дар ин давра қарорҳои муҳими стратегӣ оид ба захираҳо ба самтҳои рушди ояндаи ташкилот ва ҷудо намудани соҳаҳои бизнес, ки ба ихтисори муваққатии маблағгузорӣ ва ё пурра бастани онҳо чун омилҳои камдаромад қабул карда мешаванд, равона мегарданд. Аз нуқтаи назари марҳилаи дарозмуҳлат таҳияи бизнес-сандуқи мусовишудаи ташкилот аҳамияти муҳим дорад.

Таҳлили маҷмӯӣ

Таҳлили маҷмӯӣ аз омӯзиш ва пешгӯии доимии омилҳои мавҷудаи беруна (бозорҳои фурӯш, таркиби ашёи хом ва фаъолияти рақибон) ва муҳити дохилӣ (истеҳсолот, молия, ҳайати кормандон, технологияҳо, менеҷмент) иборат аст. Дар ин замина, сухан доир ба баҳодиҳии имкониятҳо ва таҳдидҳои аз берун таъсиркунанда, инчунин доир ба таҳлили ҳама ҷиҳатҳои фаъолияти ташкилот, муайян намудани тарафҳои пуркувват ва заифи он, имкони давомдиҳӣ ва васеъкунии бизнес меравад. Асос барои таҳлили омилҳои муҳити дохилӣ ва коркарди стратегия пешгӯикунии он мебошад.

пешина
аз 469
навбатӣ