Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Расми 1.2. Алоқамандии идоракунии стратегӣ ва оперативӣ.

1.4. БАНАҚШАГИРИИ СТРАТЕГӢ ВА
МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

Банақшагирии стратегӣ барои қабули қарорҳои мувофиқ марказонида шудааст, дар вақте ки менеҷменти стратегӣ бо дастовардҳои натиҷаҳои стратегӣ: бозорҳои нав, молҳои нав ва ё технологияҳои нав алоқаманд мебошад. Ақидаи Питер Друкерро дигар хел ифода намуда, қайд кардан лозим аст, ки банақшагирии стратегӣ - идоракунии нақшаҳо, менеҷменти стратегӣ бошад - идоракунии натиҷаҳо мебошад. Банақшагирии стратегӣ - ҷараёни таҳлилӣ ва менеҷменти стратегӣ - ҷараёни хусусияти ташкилдоштаро ифода мекунад. Дар банақшагирии стратегӣ дигаргуниҳои иқтисодӣ ва технологӣ истифода мешаванд. Дар менеҷменти стратегӣ, ба ғайр аз ин, омилҳои психологӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ ба ҳисоб гирифта мешаванд. Ҳамин тариқ, банақшагирии стратегӣ ба саволи «чӣ бояд кард?» ва менеҷменти стратегӣ бошад, ба саволҳои «чӣ гуна?» ва «кӣ инро амалӣ мекунад?» ҷавоб медиҳанд.

Менеҷменти стратегӣ аз: ташаккули стратегӣ, инкишофи қобилиятҳои кории ширкат, идоракунии амалишавии стратегия ва инкишофи қобилиятҳо иборат мебошад. Дар банақшагирии стратегӣ дар мадди аввал таҳлили ҳам имкониятҳои дохилии ташкилот ва ҳам қувваҳои рақобатноки берунаи он ва ҷустуҷӯи роҳҳои истифодаи имкониятҳои беруна бо дарназардошти махсусиятҳои ширкат қарор мегирад. Мақсади асосии менеҷменти

пешина
аз 469
навбатӣ