Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
ста мебошанд, дар бар мегирад. Дар муқоиса бо менеҷменти стратегӣ, менеҷменти оперативӣ ба истифодаи мавқеи стратегии ташкилот барои ноил гардидан ба мақсадҳои ниҳоӣ вобастагӣ дорад.
Ҳам менеҷменти стратегӣ ва ҳам менеҷменти оперативӣ барои фаъолияти муътадил, ташкил ва дастгирии таносуби муайянро ба назар мегиранд. Аз ҷониби дигар, ин ҷузъиёт барои ду шакли идоракунӣ гуногун мебошанд. Таносуби стратегӣ ба тағйирот нигаронида шуда, чандир буда, сохтори дурушт надорад. Менеҷменти оперативӣ бошад, ба тағйироте, ки барои самаранокии фаъолият нигаронида шудаанд, устувор аст. Роҳбаре, ки идоракунии стратегиро амалӣ менамояд, барои тағйир додани фаъолият кӯшиш карда, ба таваккалҳо тамоюл дорад. Дар самти муваффақ гардидан ба самтҳои нави фаъолият малакаи роҳбарикунандаро соҳиб аст ва роҳбаре, ки идоракунии оперативиро амалӣ менамояд, ба муқобили таваккалҳо баромад мекунад ва ба онҳо тамоюл надошта, дар таҳлил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти мушкил салоҳиятнок мебошад.
Фарқияти менеҷменти стратегӣ аз менеҷменти оперативӣ
Фарқияти навъҳои идоракунандаи менеҷменти стратегӣ ва роҳбарикунанда дар заминаи асосноки зерин мумкин аст амалӣ карда шаванд:
• Сатҳи ташкилии таҳия ва қабули қарорҳо;
• Ҷараёни мунтазами банақшагирӣ ва амалинамоӣ;
• Сифати қарорҳои алтернативии баррасишаванда;
• Ҳаҷм ва навъи маълумоти идоракунандаи зарурӣ;
• Ботафсилии қарорҳо;
• Истифодаи захираҳои инсонии идоракунӣ;
• Имконияти баҳодиҳии қарорҳои қабулшуда;
• Муносибат ба таваккал, дараҷаи он ва оқибати амалинамоии қарорҳои таваккалдошта;
• Тамоюли фаъолият, таъйинот;
• Объектҳои якҷояи таваҷҷуҳи менеҷмент;
• Баҳисобгирии омили вақт;
• Асоси ташкили системаи идоракунӣ;
• Муносибат нисбати идоракунӣ аз ҷониби кормандон.
Тафсилоти муқоисавии идоракунии стратегӣ ва оперативӣ дар ҷадвали 1.1. оварда шудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё