Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
директор, ки дар бисёр мавридҳо вай соҳиби ҳамин корхона аст, ба анҷом мерасонад. Интизорӣ ва кӯшишҳои ҳавасмандии шахсии соҳиби корхона ба стратегия таъсири калон мерасонанд. Ба ғайр аз ин, омили муҳим ин рақобат ба шумор меравад, ки дар тиҷорати хурд хеле пуршиддат суръат мегирад ва дар баробари дигар омилҳо барои ширкатҳои хусусӣ ба имкониятҳои манфиатгирӣ низ таъсири худро мерасонад.
Ташкилотҳои инноватсионӣ (навовар) Миқдори ташкилотҳои дастовардҳояшон ба навовариҳо вобастабуда ва ташкилотҷое, ки мехоҳанд ин роҳро интихоб намоянд, меафзояд. Албатта, сухан дар бораи ширкатҳои дорои технологияҳои баланди муосир, аз ҷумла ширкатҳои дорусозӣ меравад, ки аз навовариҳои соҳавӣ сахт вобастагӣ доранд. Навовариҳо чун қоида ҳамчун шакли «тағйирдиҳандаи бозӣ» арзёбӣ карда мешаванд. Дастовардҳои инноватсионӣ дар заминаи тағйир додани мавқеъ дар бозор ва ё дар соҳа ва барои ба низом даровардани захира ва салоҳиятҳо имконият фароҳам овардан ва бо ин восита ташкил намудани шароитҳои нави фаъолият асос меёбанд. Бо дарназардошти истифодаи тарзҳои инноватсионӣ имконият фароҳам оварда мешавад, ки мавқеи ташкилот дар бозор ва дар байни истеъмолкунандагон низ тағйир ёбад.
Мазмуни менеҷменти стратегии ташкилот инҳо мебошанд:
• Муаммоҳое, ки ба мақсадҳои генералии ташкилот бевосита вобастаанд;
• Проблема ва қарорҳое, ки ба ягон ҷузъи ташкилот вобастаанд;
• Проблемаҳое, ки ба омилҳои берунаи назоратнашаванда вобастаанд.
Функсияҳои менеҷменти стратегӣ аз менеҷмент танҳо бо тамоюли вақт фарқият доранд. Аз ин лиҳоз, менеҷменти стратегӣ низ дар панҷ функцияи зерин инъикос мегардад:
- Банақшагирии стратегия;
- Ташкили иҷрои нақшаҳои стратегӣ;
- Ҳамоҳангсозии фаъолият барои татбиқи вазифаҳои стратегӣ;
- Ҳавасмандӣ барои ноил гардидан ба натиҷаҳои стратегӣ;
- Назорати ҷараёни иҷрои стратегия.
Иҷрои зерамалиёти зерин, ба монандӣ пешгӯӣ, таҳияи стратегия ва буҷакунониро банақшагирии стратегӣ дар бар мегирад. Пешгӯиро одатан таҳияи нақшаҳои стратегӣ роҳандозӣ менамояд. Пешгӯии мунтазам барои таҳияи муносибати асосноки ташкилот нисбати стратегияи он имконият медиҳад. Буҷакунонӣ бошад, арзиши баҳодиҳии барнома ва тақсимоти захираҳоро дар бар мегирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё