Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ

  1. Муайян намудани мақсадҳои корпоративӣ ва функционалӣ;
  2. Барои ба даст овардани мақсадҳои дар боло зикргардида таҳияи стратегия (корпоративӣ ва функционалӣ);
  3. Татбиқ ва амалигардонии стратегия;
  4. Назорат ва баҳодиҳии татбиқи стратегия ва ба роҳ мондани амалиёти ислоҳшуда.

Менеҷменти стратегӣ раванди маҷмӯӣ мебошад. Гарчанде ки панҷ вазифаи он ба таври концептуалии маҳдуд гарданд ҳам, аммо бо тарзи маҷмӯӣ баррасӣ карда мешаванд.

Вазифаи идоракунии стратегӣ ҳамчун ҳадди камтарини «душакла»-и ба мақсадҳои ташкилот баробар намудани имкониятҳои он, аз як тараф, ва ишора барои «муҳити беруна» нисбати ҷиддӣ будани мақсадҳои мазкур, аз ҷониби дигар, ба шумор меравад. Роҳбарияти корпорацияи Кореяи ҷанубӣ «Самсунг» барои аз бозори техникии электронӣ танг намудани пешсафи ягонаи он ширкати «Сони» изҳороти қатъӣ намуд. Дар ин раванд ягон омили махфият, ки ба амали мазкур вобаста бошад, ба назар нарасид. Яъне фаъолияти номбаршуда дар доираи талаботи бозор ва рақобатпазирӣ дар шакли ошкоро ба миён омад.

Стратегияи ширкати «Самсунг» на танҳо кушода мебошад, балки хеле сода аст - дар сатҳи ширкати «Сони» тавлид намудани маҳсулот, вале бо нархи нисбати он ба 15-20% арзонтар. Имрӯз маҳсулоти истеҳсолкунандагони Корея маҳз дар ҳамин омили вобаста ба нарх қарор дорад. Маълум аст, ки ба ин васила онҳо натиҷаҳои худро ба даст меоранд, барои он ки:

  • мақсад арзанда аст: мушкил, вале ҳақиқӣ мебошад;
  • ваъдаи додашуда ба истеъмолкунандагон бояд иҷро шавад, иҷро нагардидани он ба обрӯи ташкилот таъсири манфӣ мерасонад, ки дар Шарқ ин кори бисёр хавфнок аст;
пешина
аз 469
навбатӣ