Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 7. ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГИИ МАКРОМУҲИТ ВА СОҲА

ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГӢ

Таҳлили стратегӣ раванди низомии гирифтани дониш оид ба шароитҳои дохилӣ ва беруна, усулҳои таъсиррасонӣ ба интихоб, мавқеи ширкат дар бозор ва татбиқи стратегия мебошад.

Таҳлили стратегӣ ҷузъи асосии тартиби ташаккулёбии стратегияи ташкилотро ифода мекунад. Моҳиятан таҳлили стратегӣ марҳилаи пешакӣ ва заминаи таҳияи стратегияе мебошад, ки дар он омилҳои муҳити беруна ва дохилии корбарӣ таҳлил гардида, ба иқтидори захиравии ташкилот баҳо дода мешавад. Дар ин давра манбаи зарурии маълумот барои самаранок амалӣ намудани раванди мақсадгузорӣ ва интихоби алтернативаҳои стратегӣ ташаккул меёбад.

Натиҷаҳои таҳлили муҳити дохилӣ ва беруна имконияти гузаронидани таҳлили вазъияти ширкатро медиҳанд ва онҳо барои интихоби стратегия асос шуда метавонанд (расми 7.1). Дар бобҳои оянда усулҳои таҳлили стратегӣ вобаста ба мантиқи дар расми 7.1 овардашуда пешниҳод карда мешаванд.

ТАҲЛИЛИ СТРАТЕГӢ

Таҳлили макромуҳит

PEST –
таҳлил

Таҳлили соҳа

  • Тафсилоти асосии
    соҳа
  • Қувваҳои
    пешборандаи соҳа

Таҳлили рақобатнокӣ

  • Гурӯҳи стратегӣ
  • Баҳодиҳии амалиёти
    рақобаткунандагон
  • ОАК-и соҳа

Таҳлили муҳити беруна

  • Таҳлили захираҳои
    ширкат
  • Таҳлили
    салоҳиятҳои асосӣ ва
    афзалиятҳои рақобатӣ
  • SNW-таҳлил

ТАҲЛИЛИ ВОБАСТА
БА ҲОЛАТ

  • Gap-таҳлил
  • Таҳлили вобаста ба арзиш
  • SWOT-таҳлил
  • Баҳодиҳии мавқеи рақобат

Муайян намудани амалиёти афзалиятноки стратегӣ

Расми 7.1. Сохтори таҳлили стратегия.

пешина
аз 469
навбатӣ