Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИИ
мавҷуд будани рақибони муайян, истифодабарандагони бозор ва интиқолдиҳандагон; 2. Менеҷери ВТС барои амалӣ намудани банақшагирии стратегӣ ва гирифтани даромад масъулиятнок аст, вай омилҳои зиёдро назорат менамояд, ки ба сатҳи даромаднокӣ таъсир мерасонанд.
Дар адабиёти илмӣ истилоҳи муайянкунандаи ҳаммаънии «менеҷменти стратегӣ» вуҷуд надорад. Муаллифони гуногун истифодаи васеи истилоҳи мазкур ва як қисми дигари онҳо истифодаи ҳолатҳои калидии онро ба роҳ мондаанд.
Менеҷменти стратегӣ ин идоракунии маҷмӯии ташкилотҳоест, ки фаъолияти истеҳсолии худро барои қонеъгардонии талаботи истеъмолкунандагон роҳандозӣ менамоянд. Ин раванд имкон медиҳад, ки бартариҳои рақобат ба даст оварда шаванд ва батанзимдории чандирӣ ва тағйироти муосир дар ширкат, ки ба талаботи муҳити беруна мувофиқанд, ба омили инсонӣ ҳамчун асоси тараққиёт такя намуда, амалӣ карда шаванд.
Дар ин замина ширкат метавонад фаъолияти худро фаъол гардонида, ба мақсадҳои худ дар марҳилаи дарозмуддат ноил гардад.
Бо дарназардошти хулосабарориҳо ва муносибатҳои зикргардида мафҳуми менеҷменти стратегиро метавон чунин арзёбӣ намуд.
Менеҷменти стратегӣ ин фаъолият дар доираи муддати воқеӣ барои таҳия ва татбиқи қарорҳои стратегӣ аст, ки ба самтҳои зерин равона гардидааст:
• Тарзҳои ташхиси муҳити дохилӣ ва берунаи ширкат, таҳияи маълумот ва фаҳмишҳо оид ба ширкат ва атрофиёни он;
• Бартараф намудани ҳолати буҳронӣ, ки ба ихтилофи имкониятҳои ташкилот ва талаботи ҳолати ҳақиқӣ сабаб мегардад;
• Таъмини устуворӣ ва фаъолияти фаъоли ширкат дар ҳама ҳолатҳо, ҳатто дар ҳолати ғайримуқаррарӣ, шароитҳои тараққиёти дарозмуҳлати он;
• Муқаррар намудани фазои фаъолияти соҳибкорӣ ва ба танзимдарории самти минбаъдаи фаъолияти ташкилот;
• Башаклдарории мақсадҳо ва амалӣ намудани самти дурнамои фаъолияти ширкат бо мақсади дар оянда ба даст овардани мавқеи пешсафӣ дар бозор (дар соҳа);
• Табдил додани мақсадҳои фаъолият ба вазифа ва мақсадҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлат, таҳия, интихоб ва татбиқи стратегия, ки шароитҳои бозори мушаххас ва муҳити берунаро ба инобат мегирад;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё