Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
Ҷалб ва нигоҳдории мизоҷ нуқтаи муҳимтарини таҳияи бартариҳои рақобат мебошад.
Дастрасии имтиёзнок ба захираи моддӣ имрӯз барои аксар ширкатҳо кафолати устувории мавқеи рақобатӣ набуда, шароити дастрасии баробар мегарданд ва ё ба таъсироти тасодуфӣ тамоюл пайдо мекунанд. Бинобар он, ин мавқеъ ба қисмати поёнии тарафи рости матритса дохил мешавад.
Ҳиссаи зиёди ширкатҳои қобилияти рақобатидошта дорои технологияҳои пуриқдори истеҳсолӣ мебошанд. Бартариҳои устувори рақобатнокӣ низоми самараноки идоракуниро барои оянда, ба мисли гурӯҳи пурқуввати идоракунӣ, қобилияти ширкат барои таАССУРОТИ босуръат ба талаботи бозорро таъмин мекунад.
Бинобар ин аввал низоми истеҳсолот, таъминот ва тақсимот ба таври муфассал коркард шуда, сипас стандартҳои муайяни соҳавӣ таҳия гардидаанд. Дастрасии озод ба захираҳои моддӣ ва технологияҳо ба он оварда расонд, ки дар тарҳи манбаи равандҳои тиҷорат таъмини бартарии дарозмуддат нисбати рақибон мураккаб шуда, қарорҳои манфиатнок босуръат такрор мешаванд ва онҳо стандарти соҳа мегарданд.
100 нуқсон дар 100 автомобили сабукрав – як вақтҳо нишондиҳандаи муҳими бартарии рақобатнок дар раванди истеҳсолоти ширкати Тойота ба шумор мерафт. Пас аз каме вақт нишондиҳандаи мазкур стандарти соҳа гашт.
Ташкили бартариҳои рақобатӣ дар вазъияти имрӯза бештар ба равандҳое омехта мешаванд, ки суръат ва саҳеҳии аксуламали бозории ширкатро таъмин мекунанд. Ин қобилияти ширкат ба навовариҳои самаранок дар ҳалли масъалаҳои баробаркунӣ ва ташкили мониторинги талаботи мизоҷ, тартиби ҷалби мизоҷҳо, қонеъгардонии талаботи мизоҷ (на танҳо фурӯши мол ва хизматрасониҳо, хусусан қонеъ намудани талабот), нигоҳ доштани мизоҷҳо, идоракунии низоми истифодаи хизматрасониҳои дохилии ташкилот (outsourcing) мебошанд. Қобилияти идоракунии навовариҳо омили асосии муваффақияти ширкат мешавад. Равандҳои қатъӣ, яъне таъсири ҳалкунанда, ки ба қобилияти рақобатнокии ширкат оварда мерасонад, таҷрибаи умумиқабулкардаи идоракунӣ нисбат ба логистикаи анборӣ ва ё хизматрасонии пеш аз фурӯш мегардад. Поёнтар як қатор мавқеъҳои умумии занҷири ташкили арзишҳо, ки нуқтаҳои ташаккули бартариҳои рақобатноки оянда мегарданд, оварда шудаанд:
Баробарии талаботи мизоҷ – муайянкунии бозор – коркарди маҳсулот
– ҷалби мизоҷ – таъминот – дурусткунии технологияҳои истеҳсолӣ –

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё