Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗӮИ 6. УСУЛ ВА ВОСИТАҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

«Нисбати дигар машғулиятҳо бизнес бештар муомила бо оянда аст; ин ҳисоби бефосила, машқи рафтор дар пешгӯӣ мебошад».
Ҳенри Люс, Терри Халлер

СТРАТЕГҲОИ БУЗУРГИ БИЗНЕС Аслан меъмории ташкилӣ бисёрқадамро ба хотир меорад, ки бо садҳо пой дар ҳаракат асту якто ва ё дутои он камтар ба назар мерасад. Бинобар ин, агар ман як ва ё ду поямро гум кунам, пас раванд дар ҳаракат аст, ташкилот фаъолият мекунаду инкишоф давом меёбад.
Ба фикри ман, устувории ақида дар он аст, ки барои мо инкишоф = тарзи ҳаёт буда, пас мо бояд доим дар инкишоф бошем.
Мукеш Амбани инсони сарватмандтарини Ҳиндустон буда, сарварии ширкати Reliance Industries-ро ба уҳда дорад.

МУНДАРИҶА
6.1. Моделҳои матритсагии менеҷменти стратегӣ
• Сатҳи банақшагирии стратегӣ ҳангоми андозагирии матритсагӣ
• Таснифи матритсаҳои банақшагирии стратегӣ
• Татбиқи воситаҳои матритса дар раванди банақшагирии стратегӣ
6.2. Харитаи стратегии нишондиҳандаҳои баробар
• Консепсияи харитаҳои стратегӣ
• Таҳияи харитаҳои стратегӣ
• Харитаи стратегӣ ҳамчун воситаи идоракунии низоми бартариҳои рақобат
6.3. Тавсифи алоҳидаи воситаҳои менеҷменти стратегӣ
6.4. Хулосаҳои мухтасар
6.5. Саволҳои санҷишӣ
6.6. Кейс-вазъият
6.7. Тестҳо
6.8. Рӯйхати адабиёти истифодашуда ва иловагӣ

АРБОБОНИ БАРҶАСТАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ Муаллифи бисёр китобҳо доир ба маркетингу менеҷмент, зиёда аз 100 мақола дар маҷаллаҳои асосӣ мебошад. Муаллифи ягона дорандаи мукофоти сеқаратаи соланаи Alpha Kappa Psi аст, ки барои мақолаи беҳтарин дар маҷаллаи «Journal of Marketing» мукофотоноида мешавад. Барои саҳмгузорӣ дар соҳаи маркетинг бо унвон ва мукофотҳои зиёд қадрдонӣ гардидааст.
Хизмати асосии ӯ ягона ва системанок намудани ҳамаи маълумот доир ба маркетинг аст, ки то ин дам ба илмҳои гуногун дохил мешуданд.

пешина
аз 469
навбатӣ