Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
-
Назарияи менеҷмент дар 30 соли охир, роҳи мушкилро аз сар гузаронид, ки дар он концепсияҳои гуногун ва муносибатҳои гуногуни менеҷменти стратегӣ маҳв гардиданд. Тафсилоти хоси концепсияи муосири менеҷменти стратегӣ мувофиқати муносибатҳои мақсаднок, сохторӣ ва ҳолатӣ нисбати фаъолияти ташкилот, системаи иҷтимоию иқтисодӣ; таваҷҷуҳ ба зарурати ҷамъоварии маълумоти стратегӣ, тамоюл ба омӯзиши муҳити беруна, пешгӯии оқибатҳои қарорҳои стратегии қабулгардида, истифодаи воситаҳои пуркуввати муайян ва тарзҳои менеҷменти стратегӣ ба шумор мераванд.
-
Модели ГМБ - василаест барои таҳлили стратегӣ ва ба нақшагирӣ, ки аз ҷониби асосгузори ГМБ Брюс Д. Хендерсон таҳия карда шудааст.
Мақсади матритса аз актуалии будани молҳои ширкат дар вобастагӣ ба рушди бозори маҳсулоти мазкур ва ҳиссаи ишғолнамудаи он дар бозор иборат мебошад. -
Модели ГМБ матритсаи андозаи 2х2, ки дар он соҳаи тиҷорат бо даврачаҳо бо марказҳо дар самти ба ҳам омадани координат таҷассум ёфтааст ва суръати рушди бозор ва бузургиҳои мавқеи ташкилотро муайян менамояд, ба шумор меравад. Ҳаҷми бозор, ба мисли самти тиҷорат дар бисёр мавридҳо аз рӯи ҳаҷми фурӯши молу маҳсулот, бо гузашти вақт бошад, аз рӯи арзиши активҳо, баланд гардидани ҳаҷми истеҳсолот дар давоми сол баҳогузорӣ карда мешавад.
-
Дар маркази диққати модели GE/McKinsey дар якҷоягӣ бо пешниҳоди корпорасияи General Electric ва ширкати машваратии McKinsey & Co, даромаднокии оянда ва ё натиҷагириҳои маблағгузориҳо меистад, ки чӣ гуна таъсир расонидани маблағҳои сармоягузориро ба даромаднокӣ дар марҳилаи кӯтоҳмуддат инъикос менамояд. Матритсаи GE/McKinsey андозаи 3х3-ро доро мебошад.
-
Ба матритсаи GE/McKinsey камбудиҳои умумии методи таҳлили портфели бо дарназардошти мушкилиҳои ба ҳисоб гирифтани сарҳадҳо ва ҳаҷми бозор; субъективӣ будани баҳодиҳӣ, хусусияти оморӣ доштани модел ва хусусияти объективии тавсияҳо хос аст. Маҳдудиятҳои асосии истифодабарии модели GE/McKinsey инҳоянд: танҳо аз ҷониби ширкатҳое истифода мешаванд, ки рушдёбӣ тамоюл доранд; ҳангоми аз 4 бал баланд будани номуайянӣ баҳогузории оянда ғайриимкон мегардад; таъсири омили инсонӣ аз баҳодиҳии субъективии идоракунанда вобастагӣ дорад, ки ақидааш доимо нисбист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё