Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
Камбудиҳои идоракунии стратегӣ
• Стратегия пешгӯии мукаммали ояндаро намедиҳад, вай танҳо барои вазъи рушди тиҷорати оянда, мавқеи ташкилот дар бозор, фаъолияти ташкилот дар мавриди рақобатҳои зиёд пешгӯӣ намуда, бо ин роҳ им-коният медиҳад, ки фаъолияти ояндаи ташкилот дар ҳолатҳои гуногун давом ёбад.
• Менеҷменти стратегиро набояд бо татбиқи протседураҳо ва си-стемаи куҳна роҳандозӣ намуд. Дар ин мавриди маълумоти лозима оид ба он ки дар вазъияти мушаххас чӣ ва чӣ гуна бояд рафтор кард, вуҷуд надоранд. Албатта, тавсияҳои мушаххас, қоидаҳо ва раванди мантиқии таҳлили проблема ва интихоби стратегия ва татбиқи он вуҷуд доранд. Дар маҷмӯъ, таҳияи стратегияро ҳамчун таҳаввулоти эҳсос ва касби-яти роҳбарияти ташкилот ва ҳавасмандии кормандонро ҷиҳати амалӣ гардидани мақсадҳо арзёбӣ менамоянд.
• Методологияи банақшагирии истилоҳоти зиёди тахассусии маҳдудро истифода менамояд, ки барои шахси ихтисосманд набуда, мушкилӣ ме-орад.
• Коркарди стратегия ба кӯшишҳои зиёд, инчунин хароҷоти зиёди вақт ҳангоми ташаккули пешгӯиҳо ва амалӣ гардонидани он дар шароити ноустувори муҳити беруна алоқаманд дорад. Набудани маълумоти пурра дар бораи равандҳои бозор, нақшаҳои рақибон, навовариҳои технологияҳо барои роҳ додан ба хатои интихоби стратегия асос мегарданд.
• Мавҷуд будани стратегияи ташаккулёфта метавонад барои рас-миятчигии идоракунӣ мусоидат намуда, сарҳадоти фаъолияти шахсони мансабдорро аз байн барад ва дар натиҷа муҳит чораҳои фавриро тақозо мекунад.
Консепсияи стратегӣ дар бораи ояндаи ширкат ва нақшаҳои он маълумот дорад. Ҳар як ширкати дар марҳилаи коркарди стратегия қарордошта консепсияи стратегияи хусусии худро ташкил менамояд, ки ин вазифаи лоиҳавии он маҳсуб мегардад.
Таҳияи маълуми амалӣ дар самти консепсияи банақшагирии стратегияи рафтори ширкат дар муҳити рақобатнок инҳоянд:
- Консепсияи Гурӯҳи машваратии Бостон;
- Консепсияи Ҷенерал Электрик/Макензи;
- Консепсияи Артур Де Литтл.
5.2. КОНСЕПСИЯИ ГУРУҲИ МАШВАРАТИИ БОСТОН (ГМБ)
Мафҳуми консепсияи ГМБ
Таърихан модели аввалини банақшагирии стратегии корпоративӣ ҳамчун модели «рушди саҳм» арзёбӣ ёфта, аксаран бо номи модели ГМБ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё