Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗУИ 5. КОНСЕПСИЯҲОИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГИКӢ
пешгӯӣ муайян набуда, аз мазмуни вазифа ва мақсадҳои стратегӣ вобастагӣ дорад. Банақшагирии стратегия дар худ ҷузъҳои дарозмуддати банақшагириро дар бар мегирад. Аммо дар баъзе ҳолатҳо ин банақшагириҳо метавонанд марҳилаи кӯтоҳмуддатро низ фарогир бошанд. Бояд тазаккур дод, ки маҳз ҳамин тамоюл асосӣ буда, стратегия ин на функцияи вақт, балки амалиёти ба инкишофёбӣ нигаронидашуда мебошад. Дар ин ҳолат роҳбарияти воломақом роҳи афзалиятноки ноил гаржидан ба мақсадро бояд муайян созад.
Хусусиятҳои концепсияи муосири менеҷменти стратегӣ дар поён оварда шудааст:
• Хусусияти аввал дар заминаи ҳамбастагии самараноки муносибатҳои сохторӣ, ҳолат ва мақсаднокӣ нисбати фаъолияти ташкилот ифода мегардад. Зеро ки бо истифодаи танҳо яке аз онҳо имконият намедиҳад, ки ташкилот дар ояндаи дур натиҷаҳои назаррасро ба даст орад.
• Дуюм – ба самти омӯзиши маҷмӯии шароитҳои фаъолияти ташкилот тамоюл дошта, дар асоси тафсилоти муҳити беруна ҷиҳати ташкили системаи шабеҳи идоракунии стратегӣ имконият медиҳад.
• Сеюм – ба самти зарурати ҷамъоварии маълумоти стратегӣ равона гардидааст. Таҳлил, тафсир ва истифодаи маълумот барои қабули қарорҳои стратегӣ имконият медиҳанд, ки муҳтаво ва амалҳои муттасил вобаста ба тағйироти ташкилот, ки дар натиҷаи паст гардидани омилҳои номуайянӣ ба амал меоянд, муайян карда шаванд.
• Чорум – барои истифодаи зина ба зинаи қарорҳои қабулгардида имконият фароҳам меорад. Ин омил тавассути тақсимоти захираҳо, ҷорӣ намудани алоқаҳои самаранок ва ташаккули муомилаи стратегии кормандон ба вазъи воқеӣ таъсир мерасонад.
• Панҷум – истифодаи иқтидори муайяни воситаҳо ва тарзҳои менеҷменти стратегиро пешбинӣ менамояд.
Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд, ки то чӣ андоза концепсияи стратегии идоракунӣ барои таъмини шароитҳои мусоид ҷиҳати фаъолияти ташкилотҳо, муваффақиятҳои тиҷоратӣ ва рушди устувори онҳо мусоидат менамояд. Дар шароити мушкили имрӯза идоракунии стратегӣ барои рушди устувори бобарор кафолат дода наметавонад, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар самти идоракунӣ як қатор амалҳои муайяни мақсаднокро дар бар мегирад. Дар ташкилотҳое, ки стратегияи мукаммали фаъолият надоранд, рушди таҳаввулотӣ ва дар ташкилотҳои чунин намуди стратегияро доробуда рушди он босуръат ташаккул меёбад. Дар ин ҳолат ташкилотҳое ба муваффақият ноил мегарданд, ки агар стратегияи онҳо ба истифодаи фаъоли захираҳои дохилӣ равона гардида бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё