Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ТАРЗИ РОҲБАРИИ КОНОСУКЕ МАСУСИТА

  1. Тоҷир ин рассом аст. Ба мисли рассом, ки барои рангинтар гар-дидани расми худ аз ҳар гуна восита ва асбобҳо истифода менамояд. Тоҷир низ барои истеҳсол ва коркарди маҳсулоти нави бозоргир одамон, мол ва сармояро истифода менамояд, то ки моли истеҳсолкардаи ӯ ба талаботи бозори муосир ҷавобгӯ бошад. Дар ин раванд тоҷир мисли рассом аст, ки аз воситаҳои гуногун истифода менамояд.

  2. Агар ҳамаи корро аз рӯи афкори солим анҷом диҳед, тиҷорати Шумо рушд менамояд. Ба мисле, ки одам дар борон чатр мегирад, тоҷир низ бояд барои гирифтани даромад маҳсулоти хушсифат истеҳсол на-мояд.

  3. Барои ба мақсад расидан дар нимароҳ истодан нашрояд. Вақте ки одамон тамоми воситаҳоро истифода менамоянд ва ба ин нигоҳ накарда, ноком мегарданд, ин маънои онро дорад, ки онҳо нақшаҳоро пурра ба анҷом нарасонида, дар нимароҳ мондаанд.

  4. Лаҳзаҳои хуб ин хуб аст, лаҳзаҳои бад - хубтар. Дар мавриди хуб ҷараён гирифтани тиҷорат мо қаноатманд мешавем, вақте ки ба мушкилӣ дучор мегардем, андешаи онро мекунем, ки барои чӣ амалҳои хубро дар давраҳои хуби фаъолият ба инобат нагирифтем. Асосан, марҳилаи таназзул барои банақшагирии ояндаи фаъолият заминаи хуб мегузорад.

  5. Нобарорӣ барои муваффақиятҳои нав имконият фароҳам меорад. Ҳар нафар метавонад аз муваффақияти худ баҳраманд гардад. Аммо ин комёбӣ баъзан ба эҳсоси хатар ва шубҳа оварда мерасонад. Нобарорӣ низ метавонад барои пешрафти корҳо мусоидат намояд, дар сурате ки агар хатоҳои пештара ислоҳ гардида, дигар такрор нашаванд.

  6. Қарорро бе дудилагӣ қабул намудан лозим аст. Бояд қарор дар натиҷаи андеша ва мулоҳизаҳои чуқур бо дарназардошти ба ҳисоб ги-рифтани тамоми ҷузъиёти фаъолият ва нақшаҳои дар пешистода қабул карда шавад. Бо ин мақсад мо бояд малакаи қобилияти зуддаркунӣ ва оҷилан қабул намудани қарорҳои асоснокро дошта бошем.

  7. Шакли самараноки омӯзонидани кормандон. Одамон бе мураббии нармгуфтор ва таҳаммулпазир таълим гирифта наметавонанд, аммо тоқат намудан маънои пурраи омӯзиширо надорад. Шакли самараноки омӯзиш ин 10 фоиз сахтигӣ ва 90 фоиз нармӣ мебошад. Аммо ин 10 фоиз сахтигӣ метавонад бисёр чизҳоро тағйир диҳад.

  8. Ҷузъиёти хурдро сарфи назар накарданд. Агар Шумо ҷузъиёти хурдро сари вақт ҳал накунед, онҳо ҷамъ гардида, метавонанд мушки-лоти калонро дар самти фаъолияти ташкилоти Шумо ба миён оранд.

Принсипҳои муваффақияти Коносуке Масусита

пешина
аз 469
навбатӣ