Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БАРОИ маблағгузорӣ вобаста ба талаботи пешниҳодшуда ба маҳсулот ҳавасманд нестанд. Дар Британияи Кабир, масалан, «McDonald’s» масъалаҳои ҳалталабро бо нонпазҳои маҳаллӣ, ки барои гамбургерҳо кулча мепухтанд, пайдо намуд. Дар раванди кор бо ду нонвойхона проблема дар мавриди сифат ба амал омада буд, «McDonald’s» маҷбур шуд, ки нонвойхонаи худро барои таъмини тарабхонаҳо бо ин намуди кулчаҳо ифтитоҳ созад. Ҳодисаи нисбатан озмоишӣ дар Русия ба амал омад, ҳангоми қабули қарор ба кушодани тарабхонаи «McDonald’s» мушоҳида гардид, ки таҳвилгарони маҳаллӣ маҳсулотро бо сифати зарурӣ истеҳсол карда наметавонанд. Ширкат маҷбур шуд, ки бо роҳи ворид намудани тухмии картошка ва роҳбарии бавоситаи фермаҳои ширию молӣ ва қитъаҳои парвариши сабзавот, ба ҳайси саноати маҳаллии хӯрокворӣ табдил ёбад ва бо ин роҳ барои пешрафти фаъолияти кории тарабхонаи худ мусоидат намуд. «McDonald’s» инчунин ба сохтмони заводи калонтарини ҷаҳон барои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 40 млн. доллар оғоз намуд. Танҳо ташкили худи тарабхона маблағи 4,5 млн долларро ташкил дод.

Имрӯз «McDonald’s» дорандаи филиалҳои хориҷӣ аст, ки даромадҳои молиявии онро баланд мебардоранд. Ширкат бештар мушоҳида менамояд, ки франшизҳои хориҷӣ сарчашмаи ғояҳои арзишнок мебошанд. Дар Голландия модули анборҳоро ихтироъ намуданд, ки кӯчонидани он ба ҷои дигар дар рӯзи истироҳат ва истифодаи васеи он барои кушодани тарабхонаҳои муваққатӣ дар ҳавои кушод мумкин аст. Шведҳо яхкунак барои гӯштро беҳтар карданд, ки дар ҳама ҷо аз тарафи ширкат истифода мегардад. Дар Сингапур тарабхона-ҳамсафар ва ё мини-«McDonald’s»-ҳои хурд, ки дар беморхонаҳо ва ё майдонҳои варзишӣ дида мешаванд, ихтироъ карда шуданд.

САВОЛҲО:

  1. Асоснок намоед, ки «McDonald’s» дар фаъолияти байналхалқии худ кадом стратегияҳоро дастгирӣ менамояд?
  2. Проблемаҳои асосии ҳалталаби ширкатро ҳангоми кор дар бозорҳои хориҷӣ номбар намоед. Ба ақидаи Шумо, онҳо ба чӣ вобастаанд?
  3. Назари Шумо доир ба рушди ояндаи ширкат ба пуррагӣ дар бозори Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Тасаввур кунед, ки Шумо дар ширкати “Макдоналдс” кор мекунед ва офиси дар Тоҷикистон ҷойгиршудаи онро идора мекунед. Амалиёти Шумо ҳамчун идоракунанда дар чӣ ҳувайдо мегардад? Номгӯи вариантҳои имконпазир дар поён оварда мешаванд.

пешина
аз 469
навбатӣ