Зеҳн
Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

МАВЗЪИ 4. НИЗОМИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ

  1. Шумо кадом меъёрҳои тафаккури стратегиро медонед?
  2. Барои тафаккури стратегӣ чӣ гуна маҳорат доштан зарур аст?
  3. Кадом моделҳои менеҷменти стратегиро Шумо номбар карда метавонед?
  4. Нуқтаҳои назари (усул) илмии менеҷменти стратегиро номбар кунед.
  5. Усулҳои илмӣ аз фарзияҳои илмӣ бо чӣ фарқ мекунанд? Фарзияҳои илмии асосиро номбар намоед.

4.6. КЕЙС — ВАЗЪИЯТ

ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «MCDONALD'S»

Ширкати «McDonald's» соли 1955 ташкил шуда, дар ибтидои солҳои 80-ум ба масъалаи ҳалталаб рӯ ба рӯ гашт: баъди инкишофи босуръати се даҳсола бозори амрикоии тарабхонаҳои хӯрокҳои тезтайёр хусусиятҳои аввалини серию пуриро нишон дод. Чорабиниҳои ҷавоби ин буд, ки ҳудудҳои фаъолиятро дар хориҷ бояд ривоҷ дод: дар соли 1986 ин рақам ба 40%, дар соли 1990 ба 60% ва дар соли 1997 ба 70% расонида шуд. Дар ибтидои солҳои 80-ум фоида ва даромадҳои хориҷӣ дар як сол то 22% зиёд гашт. Дар соли 1997 ширкат дар 108 давлати берун аз ҳудуди ИМА 10 ҳазору 752 тарабхона дошт. Онҳо 16,5 млрд. доллари ИМА ба ширкат фоида оварданд, ки ин нишондиҳанда 53% аз 31 млрд. доллари даромади умумии ширкатро ташкил дод.

Дар фаъолияти «McDonald's» ягон намуди таназзул ва ё сустшавии равандҳои тиҷорат то ба имрӯз ба назар намерасад. Роҳбарият қайд мекунад, ки танҳо як тарабхонаи «McDonald's» ба ҳар як 500 ҳаз. нафар аҳолӣ дар давлатҳои хориҷӣ рост меояд, ки доимо бо бизнес машғуланд. Дар ИМА тарабхонаи «McDonald's» ба ҳар 25 ҳаз. нафар рост меояд. Ширкат ба нақша гирифтааст, ки шабакаҳои тарабхонаҳоро дар хориҷ инкишоф диҳад. Ширкат дар Британияи Кабир, Фаронса ва Олмон якҷоя зиёда аз 599 тарабхонаҳоро дар давраи аз соли 1995 то соли 1997 кушодааст, ки даромади умумии онҳо 37%-ро ташкил мекунанд. «McDonald's» изҳор мекунад, ки дар ИМА, асосан ба Амрикои Лотинӣ дар муддати якчанд сол 2 млрд. долл. маблағгузорӣ карда шудааст.

Банақшагирии мушаххас яке аз омилҳои асосии рушди самараноки ширкат дар хориҷа мебошад. «McDonald's» дар қаламрави дигар мамлакатҳо танҳо пас аз тайёрии пухта ва мукаммал пайдо мешавад. Пеш аз ки тарабхонаи аввалин соли 1992 дар Полша кушода

пешина
аз 469
навбатӣ