Менеҷменти стратегӣ (Бозоров Ш.Ш.)

Китоб ба омӯзиши масъалаҳои муҳими менеҷменти стратегӣ ва рушди иқтисодӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва роҳҳои таҳияи стратегияҳои идоракунӣ баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 469 саҳифа
МАВЗӮИ 1. МОҲИЯТИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ Дунё ба нафаре, ки ба куҷо рафтаашро медонад, роҳ медиҳад.
Ралф Уолдо Эмерсон
СТРАТЕГҲОИ БУЗУРГИ БИЗНЕС
Стив Ҷобс, асосгузори Apple
Ба садои фикрҳои дигарон имкон надиҳед, ки садои дохилии шуморо бибуранд. Аз ҳама муҳим, ҷасорати аз пайи дилу интуисияи худ рафтанро омӯзед. Онҳо аллакай ба тавре медо-нанд, ки аслан шумо кӣ шудан мехоҳед. Боқӣ, ҳама дуюмдараҷа аст.
Стив Ҷобс
МУНДАРИҶА
1.1. Мафҳуми менеҷменти стратегӣ: истилоҳот ва муқаррарот
1.2. Мақсад ва вазифаҳои менеҷменти стратегӣ
1.3. Менеҷменти стратегӣ ва оперативӣ
1.4. Менеҷменти стратегӣ ва банақшагирии стратегӣ
1.5. Талабот ба менеҷери стратегӣ
1.6. Хулосаҳои мухтасар
1.7. Саволҳои санҷишӣ
1.8. Кейс-вазъият
АРБОБОНИ БАРҶАСТАИ МЕНЕҶМЕНТИ СТРАТЕГӢ
«Таърихи банақшагирии стратегӣ моро на танҳо чӣ тавр истифода бурдани техникияи расмиро меомӯзад, балки чӣ тавр ташкилотҳо фаъолият мекунанд ва чӣ тавр менеҷерон амал мекунанд ва барои чӣ на ҳамеша фаъолияти пурмасари таш-килоти худро таъмин карда тавонистанро нишон медиҳанд».
«Қисми бештари кори менеҷер ба кори мута-хассисони дорои тахассуси маҳдуд шабоҳат дорад, вале онҳо ин корро ба таври махсус бо истифода аз мақоми худ, алоқаҳо ва маълумоте, ки танҳо ба онҳо дастрас аст, иҷро мекунанд».
Президенти Ҷамъияти менеҷменти стратегӣ Ҳенри Минсберг
Ҳенри Минсберг

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё