Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба наздаш хонда, пурсид, ки аз куҷо меоед ва чӣ кор кардани ҳастед. Сонӣ Қазонқопу Букейро ба қатори боркаше савор карду гуфт, ки инҳоро то дуроҳаи Бӯронӣ мебарӣ. Дар он ҷо, гуфт ӯ, коргар лозим, ҳар дуи шумо ҷуфти бисёр муносиб. Ба номи сардори дуроҳа номае навишт. Ва кори савобе карда буд сардори истгоҳи Кумсел. Гарчи зиндагӣ дар ин ҷо ҳатто назар ба Мирзоҷӯл — он ҷо одам бисёр буд, кор меҷӯшид — хеле дилгир буд, гарчи дар даштҳои беоби Сари Озек ҳаёт басо сахт буд, андак-андак одат карданд ва раф-та-рафта сарҳисоби худро дарёфтанд. Рӯзашон чандон хуш нагузарад ҳам, ба ҳоли худ буданд. Ҳар ду кор-гарони таъмиргари роҳи оҳан ҳисоб меёфтанд, аммо дар сар то сари дуроҳа ҳар коре зарур ояд, анҷом ме-доданд. Ҳаёти якҷояи Қазонқор ва зани ҷавони ӯ Бу-кей дар дуроҳаи хилвати Бӯронӣ ана ҳамин тавр оғоз ёфт. Рост, солҳои аввал онҳо як-ду маротиба аҳд кар-данд, ки андак маблағ ғундоранду ба ягон ҷои дигар, ба наздиктари истгоҳе ё шаҳре бикӯчанд, аммо нияти онҳо рӯи об набаромада, ҷанг сар шуд.

Ва акнун қаторҳо аз дуроҳаи Бӯронӣ ба ғарб гу-зашта, солдатҳо мебурданд, ба шарқ аҳолии эвакуа-ция шударо мекашонданд, ба ғарб вагонҳои пур аз гал-ла мешитофтанд, ба шарқ — вагонҳои пур аз ярадорон. Ҳатто дар Бӯронӣ барин як дуроҳаи дурдасти хилват акнун ҳис карда мешавад, ки гардиши чархи айём чӣ ан-доза тағйир ёфтааст...

Паровозо яке дунболи дигаре ба дуроҳа расида, бо доду фарёд талаб мекарданд, ки семафорҳо роҳ бику-шоянд ва аз тарафи дигар низ ҳамин гуна бонгҳо ба гӯш мерасиданд. Шпалаҳо ба шиддати афзояндаи бор тоб наоварда, кат мешуданду раҳна медоданд, рельсҳо зери фишори вагонҳои пурбор хӯрда мешуданд, тоб мепартофтанд. Дар қитъае роҳи оҳанро ба наваш иваз накарда, хабар мерасид, ки қитъаи дигарро низ таъмир зарур аст...

Қаторҳоро ҳадду ҳисобе набуд. Ин қадар лашкари беҳадду шуморо аз куҷо мегирифта бошанд? Шаба шаб, рӯза рӯз нагуфта, ба сӯи фронт қатор аз паси қа-тор медавид, шабу рӯз, ҳафта аз паи ҳафта, моҳ аз паси моҳ ва баъдтар сол аз паи сол қаторҳо медавиданду ме-давиданд. Ва ҳама ба самти ғарб мешитофтанд, ба он ҷое ки ду ҷаҳон дар набарди ҳаёту мамот ба ҳам да-рафтодаанд...

пешина
аз 293
навбатӣ