Зеҳн
Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Киштии ҳавопаймобари «Конвенция» — штаби илмию стратегии Мармутидор, ҷузъи барномаи муштараки сайёрашиносии «Демиург» ҳамагуна робитаҳоро бо олами беруна фаврӣ қатъ намуд, аммо мавқеи доимии худро дар Уқёнуси Ором, дар арзҳои ҷанубтари Ҷазираҳои Алеут дигар накард, баръакс қароргоҳашро дар нуқтае, ки бо роҳи ҳавоӣ то Владивосток ва Сан-Франциско дар масофаи баробар буд, боз аниқтар кард.

Дар саҳни сафина ҳам баъзе дигаргуниҳо рӯӣ доданд. Бо фармоиши Шарикроҳбарони генералии барнома, роҳбарони американӣ ва советӣ, ҳар ду оператори навбатдори қитъаи робитаи кайҳонӣ — яке советӣ ва дигаре американӣ, ки хабари ҳодисаи фавқулодда дар мадори «Паритет» нахуст ба онҳо расида буд, муваққатан ва қатъан аз дигарон дур карда шуданд, то ягон каси дигар аз воқеаи рӯйдода огоҳӣ наёбад...

Бар ҳайати хизматгорони «Конвенция» ҳолати омодабош эълон шуд, гарчи киштӣ на киштии ҳарбӣ буд ва на ягон хел аслиҳаи ҷангӣ дошт ва мувофиқи қарордоди махсуси Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳид аз оини масунияти байналхалқӣ бархурдор буд. Оре, «Конвенция» ягона дар ҷаҳон киштии ҳавопаймобари ғайриҳарбӣ буд.

Соати ёздаҳи рӯз ба «Конвенция» бо фосилаи панҷ дақиқа пасу пеш омадани вакилони масъули тарафайнро нигарон буданд, ки онҳо ҳуқуқи комил доштанд ба нафъи амнияти мамлакатҳои худ ва осоиши дунё ҳар қарори таъчилӣ ва тадбирҳои амалии салоҳ дидаашонро қабул намоянд.

Инак, киштии ҳавопаймобари «Конвенция» дар он соат дар уқёнуси кушод, дар ҷанубтари Ҷазираҳои Алеут дар масофаи баробаре аз Владивосток ва Сан-Франциско қарор гирифта буд. Интихоби ин қароргоҳ низ кори тасодуфӣ набуд. Дар ин нуқта фаросот ва борикбинию дурандешии офаридгорони барномаи «Демиург» нақш гузошта буд, чунки қароргоҳи киштие, ки дар саҳни он тарҳи ба ҳамдастӣ эҷодшудаи тадқиқоти сайёрашиносӣ ба амал бароварда мешуд, суннати баробарҳуқуқии комил, ниҳоди мувозанаи мутлақи ин ҳамкории беназири байналхалқии илмию техникиро инъикос менамуд.

Киштии ҳавопаймобари «Конвенция» бо ҳамаи таҷҳизоту лавозимот ва манбаъҳои қувваофаринаш ба ҳар ду тараф мусовӣ тааллуқ дошт ва ба ибораи дигар

пешина
аз 293
навбатӣ