Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
киштии муштараки шариклавлатҳо ҳисоб меёфт. Бо космодромҳои Невада ва Сари Озек алоқаи бевосита ва дар як замон амалкунандаи радио-телефону телевизионӣ дошт. Дар саҳни сафина ҳашт ҳавопаймои реактивӣ (чортоӣ аз ҳар тараф) буд, ки ҳамаи ҳамлу нақли ба робитан ҳар рӯз бо қитъаҳо зарурии Мармутидорро анҷом медод, «Конвенция» ду паритет-капитан дошт: паритет-капитанҳои советӣ ва американӣ; паритет-капитани 1-2 ва паритет-капитани 2-1; ҳар кадоме аз онҳо дар поси худ фармонфармои асосӣ ҳисоб меёфт. Ва аз дигар нафароти киштӣ — ёрдамчиёни паритет-капитанҳо, новбарон, механикҳо, электрикҳо, баҳрнавардон, хидматгорон ва ғайра низ ду нусхагӣ вуҷуд доштанд...
Ҳайати ходимони илмӣ ва техникии Мармутидор низ дар сафинаи «Конвенция» ба ҳамин услуб таркиб ёфта буд. Аз Шарикроҳбарони генералии барнома, яъне аз Паритет-сайёрашиноси калони 1-2 ва Паритет-сайёрашиноси калони 2-1 гирифта, то дигар кормандони илмӣ ҳамаи ихтисосҳо низ дунафарӣ вуҷуд доштанд ва намояндаи ҳар ду тараф ба шумори мерафтанд. Аз ин сабаб истгоҳи кайҳонӣ, ки дар «Трамплин» ном мадори дуртарине аз кураи арз воқеъ гашта буд, «Паритет» ном дошт ва муносиботи рӯизаминиро инъикос менамуд.
Қабл аз ин муассисаҳои илмӣ, дипломатӣ ва маъмурии ҳар ду мамлакат, албатта, тайёрии бузурги гуногунсоҳа анҷом дода буданд. Солҳо ба сар бурдан лозим омад, то тарафайн дар мулоқот ва машваратҳои бешумор ба мувофиқати ҳамаи масъалаҳои умумӣ ва ҷузъии барномаи «Демнург» ноил гарданд.
Барномаи «Демнург» бузургтарин аз вазифаҳои кайҳоншиносӣ — омӯзиши сайёраи Иксро пеш гузошта буд. Мақсад аз он истифодаи захираҳои маъдании сайёра буд, ки аз рӯи тасаввури заминиён манобеи аз ҳад афзуни неруи дохилӣ дошт. Аз сад тонна маъдани Икс, ки дар рӯи он сайёра озоду кушод мехобид, баъди коркард ба миқдоре неруи дохилӣ ҳосил кардан мумкин буд, ки агар он ба шакли қувваи электр ва гармӣ гардонда шавад, Аврупоро як соли тамоман таъмин менамуд. Табиати маъданнёти Икс, ки дар шароити махсуси Галактика аз таъсири эволютсияи дуру дарози сайёраҳо дар бадали чандин миллиардҳо сол ба вуҷуд омадааст, маҳз ҳамин гуна будааст. Намунаи хоки сайёра, ки аппаратҳои кайҳонӣ чандин маротиба аз Икс овардаанд ва натиҷаи экспедитсияҳое, ки ба рӯи он сайёраи сурхранги Системаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё