Рӯзҳои бӯронӣ (Чингиз Айтматов)

Ин китоб асари машҳури нависанда Чингиз Айтматов мебошад. Дар он воқеаҳои печидаи зиндагӣ ва масъалаҳои муҳими ахлоқию иҷтимоӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 293 саҳифа
Қазонқоп гуфт: «То дунё буд, баҳри Арал буд. Акнун оби ҳамин баҳр ҳам хушк мешавад. Аз умри одам дигар ҳоҷати гап нест». Дар худи ҳамон ҷо боз гуфта буд: «Ту, Едигей, мана ба Она-Байт бурда мон. Ин бори охирин аст, ки баҳра мебинам!»
Едигей Бӯронӣ сиришки дар чашм пайдошударо бо остинаш пок карда, сулфа намуд, то гулӯяш равшан шаваду овозаш хиррӣ набарояд ва ба кулбаи Қазонқоп бирафт. Он ҷо Ойзода, Уқубала ва чанде дигар занон ба риояи оини азо менишастанд. Занҳои бӯронӣ низ яке паси дигаре ба ин ҷо меомаданд ва дар ягон кор дасту ба даст мекарданд ё муддате нишаста, боз мерафтанд.
Едигей аз паҳлӯи кӯра гузаштаравон дақиқае дар пеши кундаи ба замин гӯр кардашуда таваққуф намуд, ки лаҷоми Қаранор ба он баста шуда буд. Уштури зинзада ба сафар омода ва чули зебояш шилшиладор дар партави моҳ басо салобатнок, тавоно ва филвор орому батамкин менамуд. Едигей аз завқ худдорӣ карда натавонисту ба паҳлӯи вай навозишкорона тап-тап зад ва гуфт:
— Офарин, ҷониварам!
Худаш ҳам пай набурд, ки аз чӣ сабабе бошад, ба сари остона расиду шаби гузашта ба ёдаш омад. Ба хотираш расид, ки рӯбоҳи даштӣ чӣ гуна ба роҳи оҳан омада буд ва Едигей аввал ба сӯи ӯ санг андохтани шуду баъд аз нияташ даст кашид ва сонитар, ҳангоме ки ӯ ба хонаи худ мерафт, чӣ тавр аз космодром сафинаи оташин парвоз карда, дар қаъри осмони сиёҳ ғоиб шуда рафт...
III
Дар арзҳои шимолии Уқёнуси Ором дар ин дам соати ҳашти саҳар буд. Офтоб нурафшонӣ мекард ва масоҳати бузурге дар сукунат ва амвоҷи бекарони равшанӣ ғарқ гашта буд. Ва ба ҷуз обу осмон дар ин ҳадду ҳудуд гӯё чизе ба чашм намерасид. Аммо дар воқеъ сафинаи ҳавопаймобари «Конвенция» маҳз дар ҳамин ҷоҳо буд ва дар канори он фоҷиаи ҷаҳоние ба вуқӯъ омада, авҷ мегирифт, ки берун аз ҳудуди сафина аз он касе огоҳ набуд ва он фоҷиа бо ҳодисаи дар таърихи кашфи кайҳон ношунида ва дар истгоҳи кайҳонии америкоиву советии «Паритет» рухдода марбут буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё